Вокуниши манфии бозорҳои ҷаҳон ба эҳтимоли пирӯзии Трамп
Натоиҷи аввалияи орои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва чашмандози раёсатҷумҳурии Трамп, муҷиби суқути бисёре аз бозорҳои иқтисодии Амрико ва ҷаҳон шуд.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, имкони пирӯзии Трамп сабаби коҳиши шадиди қиммати нафт дар бозори ҷаҳонӣ шуд.
Пирӯзии эҳтимолии Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳони Амрико муҷиби таниш дар бозорҳои молӣ ва нафтии Амрико шуда ва ҳамчунин сабаб шудааст, то рӯзи чаҳоршанбе баҳои нафт дар бозори Осиё батаври фоҳише коҳиш ёбад.
Ҳамчунин шохиси бозори Амрико бар асари эҳтимоли пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар беш аз панҷ дарсад коҳиш ёфт.
Шохиси саҳҳом дар бозори бурси Лондон чаҳору чаҳор даҳуми дарсад коҳиш пайдо кард.
Ин натоиҷ ба суқути се мумаиз бисту ҳафт садуми дарсади шохиси бурси Гонконг мунҷар шуд.
Шохиси бозорҳои бурси Амрико низ пас аз интишори натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, ки пештозии Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳро нишон медиҳад, коҳиш ёфт.
Шабакаи телевизионии Алҷазира ҳам эълом кард: Нигаронӣ аз имкони пирӯзии Трамп дар интихоботи Амрико муҷиб шуд, то воҳиди пули Мексика (песо) дар баробари доллар ҳудуди даҳ дарсад аз арзиши худро аз даст бидиҳад.
Шохиси саҳҳоми бурси Токио низ дар паи пештозии Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар баробар Ҳилларӣ Клинтон, номзади демократ коҳиш ёфт.
Бо ин ҳол қиммати тилло бо эҳтимоли пирӯзии Трамп беш аз панҷ дарсад афзоиш ёфт.
Ҳамчунин Вазорати дороии Ҷопон ва бонки марказии ин кишвар рӯзи чаҳоршанбе тасмими гирифтанд, ба манзури баррасии шароити ҳоким бар бозорҳои молӣ нишасте фаврӣ баргузор кунанд.