Интихоби Трамп, шоки ноябр дар торихи Амрико
Коршиноси эронии масоили Амрико, интихоби Доналд Трамп баунвони раисҷумҳури Амрикоро "шоки ноябр" дар торихи сиёсии ин кишвар тавсиф кард.
Иброҳими Муттақӣ, коршиноси масоили Амрико дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо бо ишора ба пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико гуфт: Тамоми назарсанҷиҳое, ки аз сӯи CNN ва маҷмуаҳои назарсанҷии Амрико дар хусуси ин интихобот сурат гирифта буд, то 5 рӯзи гузашта нишон аз пирӯзии Ҳилларӣ Клинтон дошт.
Ин коршиноси масоили Амрико бо ишора ба инки марокизи назарсанҷӣ дар Амрико дастрасии чандоне ба лояҳои поини ҷомеа надоштанд ва ба масоили иқтисодӣ, сохтори бюрократия ва нухбагони амрикоӣ бетафовут буданд, гуфт: Имрӯз касе баунвони раисҷумҳури Амрико интихоб шуд, ки ҳеч собиқаи сиёсӣ дар ҷомеаи Амрико надорад.
Муттақӣ ҳамчунин бо баёни инки маъмулан тамомии раисони ҷумҳурии Амрико фармондеҳони низомӣ, сенаторҳо, раисони маҷолиси намояндагон ва ё муовинони раисҷумҳур будаанд, афзуд: Ҳеч як аз ин нишонаҳо дар Доналд Трамп дида намешавад ва фарде вориди Кохи Сафед шуд, ки бо сохтори бюрократияи Амрико пайванди чандоне надорад ва ҳамчунин улгуҳои рафтории зимомдорони ин кишварро мавриди интиқоди шадид қарор додааст.
Расонаҳои Амрико бо поёни замони раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар 50 иёлоти ин кишвар эълом карданд: Трамп бо 288 раъйи электрал аз 50 иёлоти Амрико рақибашро канор зада ва баунвони чиҳилу панҷумин раисҷумҳури Амрико вориди Кохи Сафед шудааст.
Шабакаи телевизионии CNN ҳам дар хабаре фаврӣ эълом кард: Ҳилларӣ Клинтон дар тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп шикасти худро аз рақиби ҷумҳурихоҳаш пазируфт.