Июл 14, 2016 12:57 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои ироқӣ ба 60 километрии Мӯсил расиданд

Сабоҳ Неъмон-сухангӯи расмии нерӯҳои мубориза бо терроризми Ироқ гуфт, нерӯҳои амниятии ин кишвар ба 60 километрии шаҳри Мӯсил- пойгоҳи аслии террористҳои ДИИШ дар Ироқ расидаанд.

Ба гузориши сойти "Спутник", давлати Ироқ баъд аз озодсозии шаҳри Фаллӯҷа аз ишғоли террористҳои ДИИШ эълом кард, ки мақсади баъдии нерӯҳои артиш, пулис ва нерӯҳои мардумӣ - шаҳри Мӯсил хоҳад буд, нахуствазир ва фармондеҳи кулли қувоӣ мусаллаҳи Ироқ, рӯзи шанбеи гузашта батаври расмӣ, озодии комили пойгоҳи ҳавоии муҳим ва роҳбурдии Қиёра дар 60 километрии шаҳри Мӯсил-маркази устони Найнаво дар шимоли Ироқро эълом кард ва аз аҳолии Мӯсил низ хост, ки барои амалиёти озодсозии Мӯсил омода шаванд, вай афзуд, ҳамонтавр, ки гурӯҳи террористии ДИИШ дар Фаллӯҷа ночор ба фирор шуд ҳамин балоро дар Мӯсил бар сари онҳо хоҳем оварад, вай таъкид кард, ба ДИИШ ва ҳар кас, ки аз ДИИШ ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад ва ё барои онҳо таблиғот ба роҳ меандозад ҳушдор медиҳем, ки ин гурӯҳи террористиро ба зуддӣ аз байн хоҳем бурд, нахуствазири Ироқ таъкид кардааст, ки шаҳри Мӯсил дар соли ҷорӣ аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ озод хоҳад шуд.