Пинҳонкории Амрико дар бораи суқӯти давлати пешини Афғонистон
Идораи бозрасии Амрико дар умӯри Афғонистон, давлати Байденро ба ифшо накардани иттилоот дар бораи суқӯти давлати пешини Афғонистон муттаҳам кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Джон Сепко, раиси ин идора гуфт, вазорати дифо ва хориҷаи Амрико иттилоотеро, ки метавонист суқӯти давлати Афғонистон ба дасти Толибонро пешбинӣ кунад, аз мардум пинҳон карданд.
Вай афзуд, вазорати дифои Амрико (Пентагон) бино ба дархости давлати Афғонистон, ироаи иттилоот ба умуми марбӯт ба соли 2015-ро, ки ҷузъиёти амалкарди нерӯҳои амниятии Афғонистонро шарҳ медиҳад, маҳдӯд кард.
Сепко аз Пентагон ва вазорати хориҷаи Амрико хост то тамомии иттилооти муртабит ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистонро мунташир кунанд.
Вай хотирнишон кард, ки ин иттилоот ҳамчунин ба Конгресс ва мардум кумак мекунад то арзёбӣ кунанд, ки оё Иёлоти муттаҳида бояд зӯдтар ба маъмурияти худ дар Афғонистон поён медод ё хайр.
Рӯзномаи амрикоии «Wall Street Journal» пештар гузориш дод, теъдоде аз ожонсҳо дар Иёлоти муттаҳида таҳқиқоти худро дар хусӯси наҳваи мудирияти хурӯҷи Амрико аз Афғонистон тавассути давлати Ҷо Байден оғоз кардаанд.
Якшанбе 15 август ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои Толибон ба Кобул ва фирори Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳурии Афғонистон аз ин кишвар, давлати вай суқӯт кард.
Бисёре аз шахсиятҳо ва мардуми Афғонистон, вазъияти вахими кунӯнии Афғонистонро ношӣ аз сиёсатҳои шикастхӯрдаи Амрико дар Афғонистон медонанд.
Амрико ва муттаҳидонаш пас аз 20 соли ҳузури низомии шикастхӯрдаи худ дар ҳоле аз Афғонистон ақибнишинӣ карданд, ки ин лашкаркашӣ самарае ҷуз густариши тероризм, ҷанг, хушунат, бесуботӣ ва ноамнӣ ва куштори даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар надоштааст.
Бештар бихонед: