Ноябр 10, 2016 10:42 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Могерини бар пойбандии ҳамаи тарафҳо ба тавофуқи ҳастаӣ

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, тавофуқи ҳастаи Эрон ва гурӯҳи 5+1-ро тавофуқи байналмилалӣ донист, ки ҳамаи тарафҳо бояд ба иҷрои он, пойбанд бошанд.

Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷи Иттиҳоди Аврупо дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии СНН, дар бораи таҳдидҳои беасоси Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико алайҳи тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1, гуфт, ин тавофуқ, тавофуқи байналмилалӣ аст, ки вай нозир бар иҷрои он будааст ва бояд пойбандии ҳамаи тарафҳо ба он, тазмин шавад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо афзуд, тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 масъалаи дуҷониба ё якҷониба нест, балки тавофуқи чандҷониба аст, ки дар қолаби қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал тасвиб шудааст.

Могерини ҳамчунин дар мавриди рӯйкарди давлати ояндаи Амрико дар сиёсати хориҷӣ, гуфт, мавзеъи Аврупо дар бораи масоили байналмилалӣ ба сиёсатҳои Кохи Сафед вобаста нест.

 Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки бо касби 289 раъйи маҷмаи интихобкунандагон (Electoral votes) дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ба пирӯзӣ расид, пеш аз ин борҳо мухолифати худро бо тавофуқ ҳастаии Эрон бо гурӯҳ 5+1 эълом ва таҳдид ба бекор кардани ин тавофуқи байналмиллалӣ кардааст.