Ноябр 07, 2021 10:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳиши корона алайҳи худаш дар Ҷопон

Муҳаққиқони муассисаи миллии генетикаи Ҷопон дар ҳоли баррасии як ҷаҳиш дар гени « Nsp14 » ҳастанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ва ба гузориши Чайнадели, ҷаҳиш дар ин ген имкони тармим дар вирусро халалдор мекунад ва ин ҷаҳиш ба зарари корона тамом хоҳад шуд .
Бо ин ҳол пас аз интишори ин хабар ҳамчунон бисёре аз пизишкон тавсия мекунанд ваксиносиуни корона идома пайдо кунад .
Аммо иқдомоти пешгиронаи Ҷопон шадидтар аз пеш нашудааст; бинобарин ба назар мерасад ин падида коҳиши мавориди ибтилои ношӣ аз бурузи навъе ҷаҳиш дар вирус бошад .
Муҳаққиқони Ҷопон мегӯянд, ки ин ҷаҳиши ҷадид дар вирус мумкин аст онро водор ба худкушӣ кунад .
Муҳаққиқони муассисаи миллии генетикаи Ҷопон ва донишгоҳи Ниагата ба тозагӣ охирин таҳқиқоти худро мунташир кардаанд. Мутолиъот нишон дода, ки дар гени сӯяи ҷаҳишёфтаи делта, экзиме ба номи « Nsp14 » ҷаҳиш пайдо кардааст ва ин ҷаҳиш боиси бозсозӣ нашудани комили вирус ва марги он мешавад .
Дар фроянди таксиру интишори сареъи вирусен гоҳе дучори ҷаҳиши иштибоҳ мешавад, ки ин мавзӯ яке аз далоили аслии беморӣ низ ҳаст .
Дар ин маврид экзими « Nsp14 » масъӯли бозсозии вирус аст, агар ин фроянд саривақт анҷом нашавад, ҷаҳишҳои зиёдӣ рӯй ҳам анбошта мешавад ва вируси қодир ба паҳн шудан нахоҳад буд.

 

Барчасп