Иддаои Кохи Сафед : Дар сурати бозгашти Эрон ба Барҷом, бозмегардем
Ҷек Соливон-мушовири амнияти миллии давлати Амрико бори дигар дар ростои иддаоҳои Вашингтон муддаӣ шуд, ки агар Эрон ба пойбандӣ ба Барҷом бозгардад, Амрико низ ба ин тавофуқ бозмегардад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , мушовири амнияти миллии давлати Байден рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи СNN дар идомаи фазосозиҳо ва иддаоҳои давлати Амрико ва бидуни ҳеҷ ишорае ба бадаҳдиҳову нақзи Барҷом аз сӯи кишвараш муддаӣ шуд, ки бо вуҷуди ҳамкории наздики мо бо муттаҳидон ва шарикон барои эҷоди як фазои муносиб, Эрон ҳануз алоқае ба бозгашт ба пойбандӣ ба Барҷом аз худ нишон надодааст.
Ин мақоми Кохи Сафед муддаӣ шуд: Мо омодаи бозгашт ба мизи музокира ҳастем ва дар ин росто ҳамчунон талош мекунем.
Вай иддао кард Эрон бархе таъаҳҳудот дорад, ки бояд ба онҳо амал кунад ва Амрико низ бар асоси ин тавофуқ барои амал ба таъаҳҳудоташ омодагӣ дорад .
Иттиҳодияи Аврупо сеюми ноябр бо судури баёнияи расмӣ эълом кард ки нишасти комиссиюни муштараки Барҷом 29 ноябр ба сурати ҳузурӣ дар Вена аз сар гирифта мешавад ва ширкаткунандагон қарор аст ба ройзаниҳо дар бораи иҷрои комилу муассири ин тавофуқ идома диҳанд.
Раёсати ин нишаст бар ӯҳдаи Энрике Мора-муовини дабири кулли бахши иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд .
Бештар бихонед :
- Танҳо роҳи ҳалли вазъияти Барҷом азсаргирии музокироти Вена аст
-
Баёнияи фарофиканонаи сарони 4 кишвари ғарбӣ дар бораи БарҶом
-
Улянов: Вазъияти феълии БарҶом натиҷаи сиёсати «фишори ҳаддиаксар»-ии Трамп аст