Ноябр 09, 2021 16:30 Asia/Dushanbe
  • Петрушев барои ширкат дар нишасте дар бораи Афғонистон ба Ҳинд меравад

Дабири Шӯрои амнияти Русия фардо ба Ҳинд меравад то дар нишасти чандҷонибаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои Покистон, Чин, Эрон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар бораи Афғонистон ширкат кунад.

Ба гузориши ТАСС, Шӯрои амнияти Русия имрӯз, сешанбе дар баёнияе эълом кард, ки Николай Петрушев, дабири ин шӯро 10 ноябр ба Ҳинд сафар мекунад.

Дар баёнияи мазкур дар ин робита омадааст: Петрушев дар Деҳлии Нав дар нишасти чандҷонибаи дабирони Шӯрои амният дар бораи вазъияти Афғонистон ширкат хоҳад кард.

Сафири Ҳинд дар Русия пештар тайи мусоҳибае гуфта буд, ки Деҳлии Нав интизор дорад Петрушев дар ройзаниҳои 10 ноябр дар мавриди Афғонистон, ки шомили мақомоти баландпояи амниятии Покистон, Чин, Эрон, Узбакистон ва Тоҷикистон низ мешавад, ширкат кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп