Ноябр 10, 2016 20:15 Asia/Dushanbe
  • Хашми ҳаводорони Клинтон аз натиҷаи интихобот идома дорад

Дар пайи пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бисёре аз шаҳрҳои ин кишвар, аз ҷумла Ню-Йорк, Бостон, Аризона, Сиэтл ва Сан-Хосе шоҳиди тазоҳуроти зидди Трамп ҳастанд.

Дар минтақаи Менҳэттени Ню-Йорк шуморе аз мухолифони Доналд Трамп бо таҷаммуъ дар назди бурҷе, ки мутааллиқ ба ӯст, алайҳи Трамп шиор доданд. Эътирозгарон Трампро фарди нолоиқ, зидди занон, фосид ва неофашист номиданд, ки бояд Амрикоро аз дасти ӯ наҷот дод. Дар тазоҳурот дар баробари бурҷи Трамп дар Ню-Йорк парчами Амрико ба оташ кашида шуд. Бархе шаҳрҳои иёлати Техас, аз ҷумла шаҳри Далас ҳам саҳнаи тазоҳуроти мухолифони Трамп аст. Ба гуфтаи пулис, бештари роҳпаймоиҳои эътирозӣ дар ин иёлат мусолиматомез будааст. Дар Миннеаполис ҳам шуморе аз мардум алайҳи Трамп тазоҳурот карданд.

Шабакаи “Russia Today” гузориш дод, дар шаҳри Окленди иёлати Калифорния фаъолони мухолифи Трамп бо пулис даргир шудаанд. Як мошини пулис дар баробари утоқи бозаргонии Окленд ҳадафи ҳамлаи тазоҳуркунандагон қарор гирифта, шишаҳояш шикаста шудааст. Тазоҳуркунандагон ҳамчунин сохтмони утоқи бозаргонии ин шаҳрро ба оташ кашиданд.

Тасвирҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода мекунад.

Дар даҳҳо шаҳри дигари Амрико, аз ҷумла Сиэтл ва Чикаго низ тазоҳурот алайҳи Трамп баргузор шудааст ва бар асоси гузоришҳо, пулис теъдоде аз тазоҳуркунандагонро боздошт кардааст.