Ноябр 13, 2021 16:13 Asia/Dushanbe
  • Беадолатӣ дар тақсими воксани корона ; ҷомеъаҳои фақир ҳануз мунтазири дозаи аввал

Раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт тақсими дозаи тақвиятии воксани Ковид - 19 дар бархе кишварҳо ҳамчун Амрикоро дар ҳоле, ки бархе аз кишварҳои фақир ва камдаромади ҷаҳон ҳануз мунтазири дарёфти дозаҳои аввалия ҳастанд, шармовар тавсиф кард.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, Тедрос Адханом Гебрейесус-раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт: Маънӣ надорад, ки ба афроди бузургсоли солим воксан тазриқ кунем ё кӯдаконро ваксина кунем, дар ҳоле ки неруҳои корӣ, афроди солхурдаву дигар афрод бо хатари боло дар саросари ҷаҳон ҳануз мунтазири дозаи аввали воксан ҳастанд .
Раиси созмони ҷаҳонии беҳдошт тазриқи дозаи сеюм ё тақвиятии воксани корона ба афроди дорои нақси эминии баданро як истисно тавсиф кард.
Тедрос Адханом Гебрейесус хотирнишон кард,ки тазриқи воксанҳои тақвиятӣ дар саросари ҷаҳон шаш баробар бештар аз дозаҳои аввалияи воксан дар кишварҳои камдаромад аст .
Дар кишварҳое монанди Амрико тазриқи дозаҳои сеюму чаҳоруми воксани корона барои мардум оғоз шудааст ; дар ҳоле ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт пайваста бо тазриқи дозаи сеюм мухолифат кардааст .

 

Барчасп