Ноябр 11, 2016 17:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори оворагон дар Афғонистон

Созмони милал эълом кард, ҷангу ноамнӣ дар моҳҳои ахир ним миллион нафарро дар Афғонистон овора кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Созмони милал дар охирин гузориши худ эълом кард, дар 10 моҳи ахир беш аз ним миллион нафар ба иллати ҷангу хушунат дар Афғонистон овора шуда ва ба дигар манотиқи ин кишвар паноҳ бурдаанд.

Бар асоси ин гузориш, бештарини оворагон аз вилоятҳои Қундӯз, Урузгон, Ҳилманд ва Форёб будаанд.

Дар ин гузориш омадааст, 54 дарсади оворагони ҷанг кӯдакону навҷавонон, 23 дарсад занон ва 23 дарсади дигар ҳам мардон ҳастанд.

Муҳаммадқосим Ҳайдарӣ, муовини вазири мубориза бо ҳаводиси Афғонистон низ эълом кард, бар асари ҷангу ноамниҳои чанд моҳи ахир дар Афғонистон, беш аз 780 ғайринизомӣ кушта ва беш аз ҳазору 400 нафар захмӣ шудаанд.