Ғарб муқассири буҳрони паноҳҷуён дар марзи Беларус аст
(last modified Sun, 14 Nov 2021 06:55:09 GMT )
Ноябр 14, 2021 11:55 Asia/Dushanbe
  • Ғарб муқассири буҳрони паноҳҷуён дар марзи Беларус аст

Раиси ҷумҳӯри Русия бо ишора ба ҷангафрӯзиҳои кишварҳои ғарбӣ дар Ироқу Афғонистон гуфт: Ғарб масъӯли буҳрони муҳоҷирон дар марзи Беларус ва Полша аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳоле ки Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли омода шудан барои эҷоди таҳримҳои ҷадид алайҳи Беларус аст,Путин дар мусоҳибаи телевизиюнӣ гуфт : Аз назари ӯ Беларус муқассири буҳрони паноҳҷуён нест.

Путин ҳамчунин низомиёни полшавӣ дар марзи Беларусро муттаҳам кард, ки паноҳҷуёнро мавриди зарбу лату озор қарор додаанд .

Дар ҳоли ҳозир беш аз ду ҳазор паноҳҷу, ки аксари онҳо аз кишварҳои ғарби Осиё ҳастанд, дар минтақаи марзии миёни Беларусу Полша овора ҳастанд .
Ин паноҳҷуён дар паи вуруд ба Полша ва расидан ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба хусӯс Олмон ҳастанд.
Иттиҳодияи Аврупо пештари Беларусро муттаҳам карда буд, ки аз муҳоҷирон ба унвони абзори сиёсӣ барои эҷоди бесуботӣ дар Иттиҳодияи Аврупо истифода кардааст; иттиҳоме ки Беларус онро рад кардааст .