Афзоиши мубтало шудани кӯдакон ба корона дар Амрико
Академияи пизишкии кӯдакони Амрико аз афзоиши мубтало шудани кӯдакон ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши шабакаи телевизиони CNN оморҳои ҷадид нишон медиҳад, мавориди мубтало шудан ба ковид дар байни кудакони дар Амрико нисбат ба ду ҳафтаи гузашта 22 дарсад афзоиш ёфта аст. Академяи пизишкии кудакони Амрико эълон кард теъдоди кӯдакони мубтало ба ин вирус бисёр боло аст, аммо кӯдакон ба таври миёнгин бисёр камтар аз бузургсолон бастари мешаванд. Кӯдакони камтар аз ҳар гуруҳуи синни дигар ваксина шуданд, аммо дар ду ҳафтаи гузашта кӯдакони зери 11 сол 1.4 ваксинатсияи навро шомил шуданд.
Амирко бо беш аз 784 ҳазор мавриди марг беш аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таҳти таъсири ҳамагирии корона қарор гирифта аст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ муътақид аст, бо таваҷҷуҳ ба боло будани мавориди маргумир, ки ба таври мустақим ё ғайри мустақим ба Ковид-19 муртабит ҳастанд ин омор метавонад ду то се баробар бештар бошад.