Сухангӯи СММ: Системаи молӣ ва бонкии Афғонистон дар остонаи суқут аст
Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бори дигар дар бораи буҳрони иқтисодии Афғонистон ҳушдор дод ва гуфт, системаи бонкӣ ва молии ин кишвар дар остонаи суқут қарор дорад.
Ба гузориши ИРНА, Стефан Дуҷорик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милал рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ гуфт: Барномаи тавсеаи СММ дар гузорише эълом кардааст, ки вомҳои пардохтнашудаи бонкӣ дар бозори эътибории Афғонистон аз 30 дарсад дар поёни 2020 ба 57 дарсад дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.
Вай гуфт: Барномаи тавсеаи Созмони Милал тахмин мезанад, бо идомаи бардошти пул аз ҳисобҳои бонкӣ, супурдаҳои бонкӣ дар Афғонистон то поёни соли ҷорӣ 40 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
Сухангӯи Созмони Милал ҳамчунин эълом кард, тақозои кумаки молии ин созмон барои 11 миллион нафар дар Афғонистон ба арзиши 606 миллион доллар ба таври комил таъмин шудааст.
Вахомати авзои иқтисодӣ дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки фақру бекорӣ бо шурӯи фасли сармо рӯ ба густариш аст.
Ниҳодҳои байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ба бадтарин фоҷеаи башарӣ мунҷар хоҳад шуд.
Бештар бихонед: