Ноябр 25, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Радди салоҳияти писари Қаззофӣ дар интихоботи Либия

Комиссиюни интихоботи Либия, салоҳияти 25 нафар, аз ҷумла Сайфулислом Ал Қаззофӣ, фарзанди диктатори Либияро барои ҳузур дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Анатолии Туркия, Комиссориёи интихоботи Либия ҳамчунин эълом кард, дар феҳристи аввалияи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ асомии салоҳияти 73 нафар, аз ҷумла Халифа Ҳафтар, фармондеҳи артиши мавсӯм ба артиши миллии Либия таъйид шудааст.

Бар асоси ин гузориш дар феҳристи 73 нафараи номзадҳои таъйиди салоҳиятшуда, асомии чеҳраҳое монанди Абдулҳамид ал Дабиба, раиси давлати Ваҳдати миллӣ, Ақила Солеҳ, раиси порлумон ва  Фатҳӣ Пошоғо, вазири кишвар дида мешавад.

Сайфулислом Ал Қаззофӣ ба ҷурми мушорикат дар куштори муътаризони либёиӣ дар ҷараёни тазоҳуроти соли 2011, ки ба суқӯти режими падараш анҷомид, таҳти таъқиби Девони байналмилалии кайфарӣ аст ва дар додгоҳе дар шаҳри Ал Зинтан, воқеъ дар ғарби Либия низ ба эъдом маҳкӯм шуда буд.

Дар баёнияи Комиссориёи интихоботии Либия омадааст, номзадҳои радди салоҳият шуда ,12 рӯз фурсат доранд то ба ин тасмим эътироз кунанд.

98 нафар ба унвони номзад дар интихоботи раёсатҷумҳурии ояндаи Либиёя сабти ном карда буданд.

Қарор аст, интихоботи раёсатиҷумҳурӣ ва порлумонии Либия бо вуҷӯди ихтилофи назар миёни ниҳодҳои мухталиф бар сари қонӯни интихобот дар ин кишвар дар таърихи 24 декабри 2021 баргузор шавад.

 

Барчасп