Таҳлил: Музокироти Вена; азму иродаи Эрон барои дастёбӣ ба тавофуқи хуб
(last modified Wed, 01 Dec 2021 08:48:25 GMT )
Декабр 01, 2021 13:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон дар ин музокирот бар рафъи ҳамаи таҳримҳо ва тазмин дар бораи адами эъмоли таҳрими ҷадид аст
    Таъкиди Эрон дар ин музокирот бар рафъи ҳамаи таҳримҳо ва тазмин дар бораи адами эъмоли таҳрими ҷадид аст

Музокирот барои лағви таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон аз рӯзи душанбе дар Вена оғоз шудааст.

Дар ин давр аз музокирот, ки баъд аз вақфаи 5 моҳа оғоз шудааст, тими муҷаррабе аз коршиносону дипломатҳои Эрон бо таркибе ҳуқуқӣ - иқтисодӣ ба раёсати Алии Боқирии Канӣ, муовини сиёсии вазорати умури хориҷаи Эрон ҳузур доранд.

Таъкиди Эрон дар ин музокирот бар риояти ҳамаи илзомоти марбӯт ба рафъи таҳримҳо, аз ҷумла тазминҳое аст, ки нишондиҳад давлати Амрико ва дигар давлатҳои узви БарҶом натавонанд аз БарҶом хориҷ шаванд ва тазмин дар бораи адами эъмоли таҳрими ҷадид ва адами эъимоли таҳримҳои гузаштааст.

Гуфтугӯҳои коршиносӣ дар чорчӯби коргурӯҳи лағви таҳримҳо аз субҳи сешанбе дар дуюмин рӯзи музокирот лағви таҳримҳо оғоз шудааст. Ҳайати эронӣ таъкид кардааст то замоне, ки феҳристи қирмизи таҳримӣ дар миён бошад, чароғи сабзи бозгашти Амрико ба тавофуқ равшан нахоҳад шуд.

Амрико дар соли 2018 аз БарҶом хориҷ шуд ва бо фишори ҳаддиаксарӣ таҳримҳо ва гиреҳзадани БарҶом ба масоили дигар боиси печидагии музокироти эҳёии БарҶом шудааст.

Саидҳусайни Мӯсавиён, узви пешини тими музокиракунандаи ҳастаии Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии " СНБС"-и Амрико дар посух ба ин суол ки оё Эрон мавозеъи сахтеро дар музокироти Вена иттихоз кардааст, тасреҳ кард: Хости Эрон, иҷрои дақиқу дуруст ва комили тавофуқи БарҶом аст.

Ин таҳлилгари аршади масоили байналмилалӣ афзуд: Музокиракунандагон эронӣ чизе бештар ва ё камтар аз БарҶом нахостаанд; Амрико ва Русия ва Чину Аврупо пешниҳоди эҳё ва иҷрои комили БарҶом-ро додаанд ва ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки Эрон мегуяд.

Лаҳни  ҳирфаӣ ва мавозеъи созанда ва дар айни ҳол ҷиддӣ ва қотеъи ҳайати эронӣ пеш аз ва дар оғози музокирот, мӯҷиб шуд то арзёбии ҳамаи тарафҳо аз нишасти ифтитоҳияи арзёбӣ, мусбат бошад. Бардоштҳои мусбат аз нишасти Вена бо вуҷуди талошҳо ва фазосозиҳои бархе расонаҳо ва хабаргузориҳо пеш аз шурӯи иҷлоси барои эҷоди зеҳнияти манфӣ нисбат ба мавозеъи Эрон дар нишасти Вена нишон дод, ки ин таҳаррукот шикаст хӯрдааст ва тарафҳои музокиракунанда нигоҳи созанда ба иҷлос доранд.

Саъиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо интишори матлабе дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” дар остона гуфгугӯҳои Вена навишт, Амрико ва тройкаи аврупоӣ, баёнияҳои мутаққаллибона содир мекунанд, бар таҳримҳо меафзоянд, ривоятҳои таҳриф шуда дуруст мекунанд ва дар баробари таҳдидоти Исроил сукут мекунанд.

Алии Боқирӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон дар ин хусӯс тасреҳ кардааст, то замоне, ки корзори фишори ҳаддиаксарӣ нафас мекашад эҳёии БарҶом сухани газофе беш нест.

Ҷумҳурии Исломии Эрон пойбандии худ ба тааҳҳудоташро ба сӯрати амалӣ нишон додааст ва акнӯн низ барои дастёбӣ ба як «тавофуқи мунсифона, ки ҳуқуқи машрӯъи миллати Эронро таъмин намояд» омодагӣ ва азми комил дорад.

Нозирони сиёсӣ бар ин боваранд, ки чигунагӣ пешрафти музокироти Вена, ба тасҳеҳи рафторҳои мутаноқизи Амрико бастагӣ дорад. Бино бар ин, агар тарафҳои муқобил ба ҷои вақткушӣ, бо нигоҳе созанда ва ба дӯр аз ҳошиясозиҳои бенатиҷа вориди Вена шуда бошад, музокирот дар масири дуруст қарор хоҳад гирифт. Дар айни ҳол, Эрон худро дар изтирори замонӣ қарор намедиҳад ва «дастёбӣ ба як тавофуқи хуб ва дақиқро муҳимтар аз дастёбии сареъ ба як тавофуқ» медонад.

Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон пештар дар ёддоште тасреҳ кард; Ҷумҳурии Исломии Эрон бовуҷуди тамомии бадаҳдиҳои Ғарб дар БарҶом бори дигар ба манзури нишон додани ҳусни ният ва бо ҳадафи лағви таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонӯнӣ, омодаи гуфтугӯи натиҷамеҳвар барои дастёбӣ ба " тавофуқи хуб" бо 1+4 аст.

Бештар бихонед: