Сӯбҳро бо чой ва қаҳва оғоз кунед то мағзатон солим бимонад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i77772-Сӯбҳро_бо_чой_ва_қаҳва_оғоз_кунед_то_мағзатон_солим_бимонад
Як стакан ( пиёла) қаҳва ё чойи сӯбҳгоҳи метавонад хатари сактаи мағзиро камтар кунад.
(last modified 2026-01-06T10:03:23+00:00 )
Декабр 05, 2021 13:20 Asia/Dushanbe
  • Масрафи чой ва қаҳва хатари заволи ақл ва сиктаи мағзиро коҳиш медиҳад
    Масрафи чой ва қаҳва хатари заволи ақл ва сиктаи мағзиро коҳиш медиҳад

Як стакан ( пиёла) қаҳва ё чойи сӯбҳгоҳи метавонад хатари сактаи мағзиро камтар кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,агар шумо фарди ҳастед ,ки рӯзона қаҳва ё чой менушед ,мағз шумо мумкин аст аз шумо ташакур кунад.

Мутолеаи ҷадиде ,ки дар журнали PLOS Medicine мунташир шуд,нишон додааст афроде ,ки рӯзона чаҳор то шаш стакан қаҳваро ба танҳои ё ҳамроҳ бо чой менушад ,камтар гирифтори сактаи мағзи ва завол ақл мешавад.

Дар ин мутолиаи беш аз 350 ҳазор фарди солим байни 50 то 74 солро ба даст оварда ва ба ин натиҷа расидааст , ки масрафи чой ва қаҳва хатари завол ақл ва сактаи мағзиро 28 дарсад кам кардааст .

Мутолиаи қабли нишон додааст,ки қаҳва фоидаи зиёди барои саломати дорад .Ин гиёҳи тираранг таркибҳои мушобеҳеро ,ки  дар меваҳо ва сабзиҷот ёфт мешавад дорад .

Қаҳва ҳамчунин ба коҳиши мубтало шудан ба бархе саратоҳо ,беҳбуди саломати ҷигар,коҳиши хатари мубтало шудан ба қанд ва хатари норасои қалби кӯмак мекунад.

Қаҳва хатари саратони ҷигарро ба нисф мерасонад.

Мутолеаи дар соли 2017 дар солномаи тибби дохилӣ ( Annals of Internal Medicine ) нишон додааст афроде ,ки қаҳва майл мекунанд бештар аз афроде ,ки қаҳва наменушанд умри бештари мекунанд ва хатари марг дар афроде  ,ки ҳаддиақал ду то се стакан ё пиёла  дар рӯз менушанд ,18 дарсад коҳиш пайдо мекунад.

Бо ин ҳол қаҳва барои афроде , ки мушкили номуназзами  қалбӣ доранд метавонад хатарнок бошад .

Ҳамчунин афроде ,ки бордор ё ширдеҳ бошанд,аз захми меъда ранҷ мебаранд ё ибтило ба ихтилолот хоб ё мегрин ҳастанд бояд аз масраф қаҳва худдорӣ кунанд.

Донистаниҳои илмии бештаро инҷо бихонед!

.