Идомаи эътирозҳо ба ҳузури низомиёни Фаронса дар Нигер
(last modified Mon, 06 Dec 2021 11:39:10 GMT )
Декабр 06, 2021 16:39 Asia/Dushanbe

Эътирозҳо дар мухолифат бо ҳузури артиши Фаронса дар Нигер идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, гуруҳе аз мардуми шаҳри Нияме пойтахти Нигер асри якшанбе бори дигар дар мухолифат бо ҳузури низомиёни Фаронса дар кишварашон ба хиёбонҳо омаданд ва шиъорҳои зидди Фаронса сар медоданд.

Неруҳои амниятӣ ва полиси Нигер бо эътирозҳои мардум ба низоми артиши Фаронса дар Нигер бархурд карданд ва иҷоза надоданд тазоҳуроти густарда дар Нияме шакл гирад.

Пеш аз ин ниҳодҳои ҷомеъаи шаҳрвандии Нигер тазоҳуроти густарда дар мухолифат бо ҳузури артиши Фаронса дар он кишварро дар рӯзи 5 сентябри 2021 созмондеҳӣ карда буданд, аммо полис ва неруҳои амниятии Нигер монеъи ин тазоҳуроти густарда шуданд.