Декабр 07, 2021 10:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Путин ва Моди аз музокирот барои рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд дар баёнияи муштараке аз музокирот барои рафъи таҳримҳо алайҳи Эрон ҳимоят карданд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия пас аз дидор бо Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд дар баёнияи муштараке бо ишора бар тавсеаи ҳамкориҳои Деҳлии Нав ва Маскав дар ҳавзаҳои мухталифи дифоӣ ва фазоӣ, бар лузуми иҷрои комили БарҶом ва Қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милал таъкид карданд.

Дар ин баёния омадааст, Ҳинду Русия дар хусуси иҷрои комили БарҶом ва Қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милал таъкид карданд ва аз талошҳои марбута барои тақвияти муҷаддаду фаврии БарҶом ҳимоят карданд.

Даври ҷадиди музокироти Эрон ва 4+1, ки аз 29 ноябр дар Венаи Австрия баргузор шуд, рӯзи ҷумъаи сеюми декабр ба поён расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп