Декабр 11, 2021 12:18 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 15 нафар дар ҳамла ба масҷиде дар Нигерия

Ҳудӯди 15 нафар дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба масҷиде дар рӯстои “Ba'are”-и минтақаи давлати маҳаллии “Masheguдр”-и иёлати Нигерия, шимоли Нигерия кушта шуданд.

Афроди мусаллаҳ замоне, ки мардуми ин рӯсто дар сафи намоз буданд, ба онон тирандозӣ карданд ва бисёре ҳам захмӣ шуданд.

Захмиҳо ба бемористони “Kontagora” мунтақил шуданду таҳти дармон қарор гирифтаанд.

Афроди мусаллаҳ дар таърихи 26 октябри 2021 низ бо ҳамла ба масҷиде дар рӯстои “Mazakuka”, дастикам 18 нафарро куштанд.

Афроди мусаллаҳ ва гуруҳҳои террористӣ дар бархе манотиқи Нигерия фаъолият доранд ва ҳамвора мардуми ин кишварро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.

Амалкарди Муҳаммаду Буҳори, раисиҷумҳурии Нигерия мавриди интиқоди мардуми ин кишвар буда ва вайро бекифоят медонанд, чаро ки ноамнӣ ва куштори мардуми Нигерия дар даврони давлати Буҳори афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп