Декабр 13, 2021 17:34 Asia/Dushanbe
  • Беэҳтиромӣ ба гуристони мусулмонон дар Фаронса

Даҳҳо қабр дар гуристони мусулмонон дар шаҳри Мюлузи Фаронса тахриб шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, шаҳрдори ин шаҳр аз бахши Элзаси Фаронса эълом кард: Мо наметавонем чунин ҳаводисеро бипазирем .
Полиси Мюлузи ҳам таҳқиқ дар ин бораро оғоз кардааст .
Моҳи гузашта низ ахборе мабнӣ бар иҳонат ба 3 масҷид дар Фаронса мунташир шуд .
Бино бар ин гузориш рӯйи девори 3 масҷид дар манотиқи Монтлбон, Понтарле ва Рубеи Фаронса  ибороти зиддиисломӣ навишта шуда буд . Мусулмонони Фаронса то кунун борҳо нигаронии амиқи худро аз иқдомоти исломситезонаву ҳамалот ба масоҷиду марокизи исломӣ дар ин кишвар баён ва ташдиди тадобири амниятӣ дар ҳифозат аз ин марокизро хостор шудаанд .

 

Барчасп