Мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон иҳонат ба ҳазрати Масеҳ (а) дар Ифтитоҳияи олимпиро маҳкум кард
(last modified Tue, 30 Jul 2024 14:43:07 GMT )
Июл 30, 2024 19:43 Asia/Dushanbe
  • Мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон иҳонат ба ҳазрати Масеҳ (а) дар Ифтитоҳияи олимпиро маҳкум кард

Мудири ҳавзаҳои илмияи саросари Эрон бо маҳкӯмияти иҳонат ба ҳазрати Исо (а) дар ифтитоҳияи Бозиҳои олимпии Порис, ҳамаи муваҳҳидони ҷаҳонро ба таъсиси ҷабҳаи воҳиди имонӣ ва тавҳидӣ ва муқобила бо ин иҳонатҳо фаро хонд.

Қисмате аз барномаи Ифтитоҳияи олимпии 2024 Порис, ки бо тамасхури ҳазрати Масеҳ (а) ва наққошии маъруфи шоми охири Давинчи ҳамроҳ шуд, хашму интиқод бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.

Корбарон ин иҷроро як тавҳини ошкор ба масеҳият донистанд.

Ба гузориши ИРНА,  Алиризо Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмияи саросари Эрон дар вокуниш ба ин иқдом дар олимпии Порис аз бародарону хоҳарони масеҳӣ ва мутадаинони ҷаҳон даъват кард то бо иттиҳоди якдигар бо ташкили ҷабҳаи фарогири муваҳҳидону иктопарастони ҷаҳон дар муқобили ин беҳурматҳо истодагӣ кунанду иҷозаи такрори онҳоро ба мулҳидон ва баддинон надиҳанд.

 

Барчасп