Декабр 14, 2021 14:12 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти кишварҳои исломӣ

Покистон аз Афғонистон даъват кард, дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Исломобод ширкат кунад.

Валиуллоҳ Шоҳин, раиси Маркази мутолиоти стротежии вазорати умӯри хориҷаи Покистон таъкид кард, иқтисоди Афғонистон, системаи молӣ, системаи бонкӣ ва одисозии равобити давлати Толибон бо дигар кишварҳои ҷаҳон аз масоили муҳимме аст, ки дастури кори ин нишаст қарор дорад.

Нишасти сарони кишварҳои исломӣ 19 декабр дар Исломобод баргузор мешавад.

Расонаҳои покистонӣ ҳузури намояндагоне аз Амрико, Русия, Британия, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои башардӯст дар ин гирдиҳамоиро таъйид кардаанд.

Толибон аз замони касби қудрат дар Афғонистон дар 15 августи соли ҷорӣ, барои касби машрӯъияти байналмилалӣ талош мекунад. Созмони милал чанде пеш эълом кард, намояндаи Толибонро ба унвони намояндаи Афғонистон ба расмият намешиносад.

Покистон ба ҳимоят аз гурӯҳи Толибон муттаҳам шуда ва даъвати Исломобод аз намояндагони давлати муваққати Толибон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ ба машрӯъияти давлати ҷадиди Афғонистон кумак мекунад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп