Таҳлил: Таъкиди дабири кулли СММ бар лузӯми рафъи таҳримҳои зиддиэронӣ
(last modified Tue, 14 Dec 2021 09:37:11 GMT )
Декабр 14, 2021 14:37 Asia/Dushanbe
  • Гутерриш аз Вашингтон хост таҳримҳо алайҳи Эронро лағв ва муъофиятҳоро тамдид кунад
    Гутерриш аз Вашингтон хост таҳримҳо алайҳи Эронро лағв ва муъофиятҳоро тамдид кунад

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал дар давоздаҳумин ва ҷадидтарин гузориши худ аз раванди иҷрои қатъномаи 2231 Шӯрои амният бо истиқбол аз музокироти Вена миёни Эрону гурӯҳи 1+4 бар зарурати рафъи таҳримҳои ҳастаии якҷонибаи Амрико алайҳи Эрону баҳрамандии Теҳрон аз мазоёи иқтисодии БарҶом таъкид кард ва ба изҳор дошт, ки рафъи таҳримҳои муртабит бо ҳавзаи нафтии Эрон, фароянди эҳёи БарҶом-ро тасҳил хоҳад кард.

Гутерриш дар ёздаҳумин гузориши худ дар мавриди иҷрои қатъномаи 2231 Шӯрои амният низ, бозгашти Амрико ба БарҶом-ро иқдоме муносиб дониста ва аз Вашингтон хоста буд, таҳримҳо алайҳи Эронро лағву муъофиятҳоро тамдид кунад.

Таъкиди дубораи дабири кулли Созмони милал бар лузӯми рафъи таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон, ки пас аз хурӯҷи давлати Трамп аз тавофуқи ҳастаии БарҶом дар майи 2018 дар қолаби корзори фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон ба иҷро дар омад, нишонгари мавзеи ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар бораи нақши манфии Амрико дар қиболи БарҶом ва талош барои нобудии он аст.

Гутерриш дар гузоришҳои давраии худ ба Шӯрои амният дар бораи иҷрои қатъномаи 2231 эълом карда буд, ки Амрико бо таҳрими Эрон, ин қатъномаро нақз кардааст.

Таъкиди дабири кулли Созмони милал бар ғайри қонунӣ будани таҳримҳои зиддиэронии Вашингтон нишон медиҳад, ки Амрико ба рағми фишорҳои ҳамаҷониба алайҳи ин ниҳоди байналмилалӣ ва дигари кишварҳо, на танҳо натавониста ҳамроҳии онҳоро дар эъмоли фишор алайҳи Эрон ба даст оварад, балки онҳо ин иқдоми Вашингтонро асосан ғайриқонӯнӣ, талаққӣ мекунанд.

Давлати Трамп ба рағми ройзаниҳои мутааддид бо мақомоти кишварҳои гурӯҳи 1+4 ва ҳатто муттаҳидони аврупоии худ натавонист ҳеҷ як аз онҳоро мутақоид кунад, ки бо Вашингтон алайҳи БарҶом ва Эрон муттаҳид ва ҳамнаво шаванд. Дар ниҳоят давлати Трамп дар ҳоле қудратро вогузор кард, ки натавонист ба кучактарин имтиёзе аз ҷониби Эрон даст ёбад.

Max Boot, сутӯннавис Вашингтон Пост дар ёддоште дар ин рӯзнома навишт: Тасмими Трамп дар хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаии БарҶом фоҷеъабортарин хатои муҳосиботии сиёсати хориҷӣ баъд аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ дар соли 2003 будааст.

Бовуҷуди нокомии ошкори давлати Трамп дар заминаи касби натоиҷе ҳатто андак бо эъмоли густардатарин таҳримҳо дар тӯли таърих алайҳи Эрон дар қолаби корзори фишори ҳаддиаксарӣ, аммо Амрико дар давраи раёсатҷумҳурии Ҷо Байден, ҳамчунон ин рӯйкарди шикатсхурдаи хӯрдаро ба умеди водоштани Теҳрон ба қабули хостаҳои ғайри қонӯнӣ ва ғайри мантиқиаш идома додааст. Ба рағми иқдомоти хасмонаи Вашингтон, Эрон бо иттихози сиёсати муқовимати ҳаддиаксарӣ борҳо таъкид кардааст, ки таслими фишорҳои Амрико ва хостаҳои истикбории он намешавад.

Дар бурҳаи кунӯнӣ низ ки ҳафтумин даври музокироти Вена байни Эрону гурӯҳи 1 +4 бо ҳадафи лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон ҷараён дорад, Вашингтон ҳамчунон бар рӯйкарди зурмадорона ва ғайри мантиқии худ алайҳи Эрон таъкид карда ва талош мекунад то бо ироаи анвоъи таҳдидҳо, Теҳронро ба қабули хостаҳои фарои Барҷом-ии худ водор карда ва бо додани ҳаддиақали имтиёзҳо ба Эрон, ба гумони худ ҳаддиаксари имтиёзҳоро аз Теҳрон бигирад.

Тройкаи аврупоӣ низ ки дар давраи Байден бори дигари масири ҳамгароии фароатлантикиро дунбол мекунад, тобеъи назароти Амрико ба унвони ноқизи БарҶом ва қатъномаи 2231 Шӯро амният аст бо муқасирнамоии Эрон дар ин музокирот талош мекунад то раванд гуфтугӯҳоро ба сӯди Вашингтон мунҳариф кунад. Дар ҳоле, ки нигоҳе ба таърихчаи БарҶом ва раванди он нишонгари муқассир будани комили Вашингтон дар ин замина ва лузӯми тасдиқи хостаи ба ҳаққи Эрон дар заминаи лағви комили таҳримҳои давраи Трамп ва ростиозмоии он ба унвони шарти зарурии бозгашти Теҳрон ба тааҳҳудоти Барҷом-ист.

Бештар бихонед: