"Wall Street Journal": Таҷҳизоти низомии Амрико аз Афғонистон ба Украина меравад
"Wall Street Journal" эълом кард, давлати Ҷо Байден дар назар дорад таҷҳизоти низомии Амрико дар Афғонистонро ба Украина интиқол диҳад.
Wall Street Journal" рӯзи ҷумъа дар гузорише навишт, мақомоти украинӣ давлати Иёлоти муттаҳидаро таҳти фишор қарор дода то болгардҳое, аз ҷумла Mi - 17 сохти Русия ва соири таҷҳизоти низомиро, ки барои нерӯҳои амнияти миллии Афғонистон дар назар гирифта шуда буд, ба Киев мунтақил кунад.
Украина ҳамчунин Иёлоти муттаҳидаро барои ироаи системаҳои дифои ҳавоӣ, аз ҷумлаи мӯшакҳои замин ба ҳавоии «Стингер» таҳти фишор қарор додааст.
Амрико, ки ҳамвора ба дунболи роҳҳоӣ барои таҳти фишор қарордодани Русия ба унвони рақиби худ дар Шарқ буда, акнӯн бо тарҳи ин иддао, ки ҳузури нерӯҳои рус дар марзи Украина таҳдиде барои ин кишвар маҳсӯб мешавад, ба дунболи баҳонае тоза барои эҷоди таниш дар ин минтақа ва афзоиши фишор бар Русия аст.
Русия борҳо унвон карда, иқдомоти низомиаш дар марз бо Украина иқдомоти оддии низомӣ аст, аммо Амрико ва муттаҳидонаш ҳамчунон қасд доранд шароити марзии Русия бо Украинаро пуртаниш ҷилва диҳанд.
Бештар бихонед: