Мақоми собиқи афғон: Толибон дар садади қатли Ашраф Ғанӣ буд
Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири пешини Идораи амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, бар асоси иттилооти "мувассақ" аз манобеи амрикоӣ, Толибон пас аз тасарруфи Кобул қасди эъдоми Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳурро доштаанд.
Муҳиб дар мусоҳибае бо “Садои Амрико” таъйид кард, Халил Ҳаққонӣ, аз аъзои барҷастаи Толибон дар ҳамон рӯзи суқӯти Кобул ба ӯ гуфта буд, ки "таслим шавед, баъд музокира мекунем".
Мушовири пешини Идораи амнияти миллии Афғонистон муддаӣ шуд, Томас Уэст (Thomas West), намояндаи вижаи феълии Амрико барои Афғонистон ва муовини Зулмай Халилзод, гуфта буд, Толибон мумкин аст, ҳамаи шуморо бикушад.
Муҳиб дар мусоҳибаи дигаре гуфт, яке аз бузургтарин иштибоҳоти давлати пешини Афғонистои ин буд, ки хурӯҷи Амрико бовар надошт.
Вай бо эътироф ба таваҳҳуми давлати собиқ дар бораи ҳимоятҳо ва ваъдаҳои Амрико гуфт, бояд аз музокироти тӯлонии намояндагони Амрико ва Толибон дар Қатар дармеёфтем, ки дасисае барои сарнагӯнии давлат даркор аст.
Муҳиб ҳамчунин муддаӣ шуд, масъӯлони давлати собиқ бавижа шахси раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷанги дохилӣ ва нобудии пойтахт тасмим гирифтанд, Кобулро тарк кунанд. Ӯ гуфт, ки пас аз хурӯҷ аз Афғонистон се моҳ дар канори Ашраф Ғанӣ буда ва акнӯн муқими Амрико аст.
Ба гуфтаи Муҳиб, Ашраф Ғанӣ ҳамчунон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст ва дар "мавқеи муносиб" дидгоҳҳои худро дар мавриди вазъияти Афғонистон иброз хоҳад кард.
Бештар бихонед :