Декабр 19, 2021 11:35 Asia/Dushanbe
  • Давлати Фаросна 21 масҷиди ин кишварро баст
    Давлати Фаросна 21 масҷиди ин кишварро баст

Козими Ғарибободӣ, муовини умури байналмилали қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башар, дар вокуниш ба эъломи хабари Ҷералд Дарманин, вазири кишвари Фаронса мабни бар бастани 21 масҷид ва барномаи бастан 6 масҷиди дигар бар асоси қавонини зиддиифротгароӣ ва ҷудоиталабии ин кишвар, аз давлати Фаронса хост дар қавонини зиддимусулмонони ин кишвар бознигарӣ кунад.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон бо интишори паёме навишт: Дар рӯйкарди ғарбӣ, террористҳо дар Эрон мудофеони ҳуқуқи башар ҳастанд ва озодии динӣ дар кишварҳои ғарбӣ низ мусовии терроризм аст.

Иқдомоти зидди ҳуқуқи шаҳрвандии мусулмонон дар ҷомеъаи Фаронса дар ҳоле аст, ки аз нигоҳи қавонини мадании Фаронса нашри изҳорот ва тасовири иҳонатомез, аз ҷумла дар нашриёти фаронсавӣ ва бознашри карикатурҳои тавҳиномез ба ҷойгоҳи муқаддаси Паёмбар (с)-и сулҳу адолат,озодии баён унвон мешавад. Аз ин иқдомоти тавҳиномез ва такрории онки мӯҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти беш аз як миллиард мусулмон шудааст дар ҳоле дифо мешавад, ки тамоми давлатҳои аврупоӣ, аз ҷумла давлати Фаронса бар асоси тааҳҳудоти илзомовари ҳуқуқи башарӣ тасреҳ шуда дар модаи 18 мисоқи ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ муваззаф ба пешгирӣ аз ҳарнавъ иқдоме ҳастанд, ки дар тақобул бо амнияту назм, саломат ё ахлоқи умумӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии дигарон аст.

Сукути тааммулбарангези давлати Фаронса дар муқобили ин иқдомоти тавҳиномез ва густохона аз яксӯ ва аз сӯи дигар эъмоли маҳдӯдиятҳое монанди мамнӯияти истифода аз пӯшиш ва ҳиҷоб барои бонувони мусулмон ва маҳрӯм кардани духтарон бо ҳиҷоб аз омӯзиш ва ҳаққи иштиғол, нишондиҳандаи аҳдофи дугона ва ҳамроҳ бо ғаразҳои сиёсӣ дар мавзӯи ҳуқуқи башар аст.

Иқдоми Фаронса ба фосилаи андаке аз хабарҳои мунташир шуда дар Канада дар хусӯси ихроҷи як бонӯи муаллими муҳаҷҷаба аз кори қобили тааммул аст.

Расонаҳои дохилии Канада ҳафтаи гузашта эълом карданд, ҳайати мудираи мадориси устони Квебек дар ростои иҷрои қонӯни секуларизм, ки аз соли 2019 лозимулиҷро шуд, аз таълиқ ва ихроҷи як муаллими зан аз кор, ба сабаби пӯшидани ҳиҷоби исломӣ хабар додааст. Бидун шак ингуна иқдомот ва тарҳҳои исломситезона бо усӯли ҳамзистии мусолиматомезу рафтори иҷтимоии одилона дар таноқуз аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад сукути ҷомеъаи мусулмонон ва чампушӣ аз онро дар пай дошта бошад.

Маркази  гуфтугӯи адён ва фарҳангҳои Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ чанде пеш дар баёнияе бо ибрози нигаронӣ аз густариши исломҳаросӣ дар Фаронса хотирнишон кард, таҳмили иқдомоти табъизомез дар бораи ҷомеъаи мусулмонони Фаронса, на бо ҳуқуқи башар татбиқ дорад ва на бо озодиҳое, ки арзишҳои Ҷумҳурии Фаронса муддаии он аст.

Мария де Картена, фаъоли ҳуқуқи башари фаронсавӣ дар хусӯси густариши исломҳаросӣ дар Фаронса мегӯяд: Дар фаронса нажодпарастии систематии давлатӣ вуҷӯд дорад ва исломҳаросӣ дар Фаронса бо тасвиби қавонин ниҳодина ва қонӯнӣ шудааст. Ин маҳдӯдиятҳо на танҳо мӯҷиби густариши исломҳаросӣ ва душманӣ бо ислом шуда, балки бисёр таҳқиромез ва муғойири усӯли озодӣ аст.

Аз ҳокимияти Фаронса, интизор меравад ба ҷои густариши исломҳаросӣ ва эҷоди ҳаёҳӯи таблиғотӣ, ба дунболи решаҳои воқеии терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон бошад, ки дар воқеъ маҳсӯли ҳимоятҳои ошкору пинҳони Амрико, Аврупо ва режими саҳюнистӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои тахриби исломи ҳақиқӣ аст. Таътил кардани масоҷид, ки маконе барои анҷоми фароизи динии ҷомеъаи панҷу ниммиллионнафарии ақаллияти мусулмони ин кишвар аст, таарруз ба ҳарими ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар ҷомеъаи Фаронса ба унвони кишвари муддаии дифо аз озодӣ ва ҳуқуқи башар аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп