Лағви беш аз 4 ҳазор парвоз дар ҷаҳон
(last modified Sat, 25 Dec 2021 06:29:01 GMT )
Декабр 25, 2021 11:29 Asia/Dushanbe
  • Лағви беш аз 4 ҳазор парвоз дар ҷаҳон
    Лағви беш аз 4 ҳазор парвоз дар ҷаҳон

Бо густариши навъи Омикрон ва оғози соли нави мелодӣ, ширкатҳои ҳавопаймои дар манотиқи мухталифи ҷаҳон беш аз чаҳор ҳазор парвозро лағв карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,бо тавваҷуҳ ба додаҳои пойгоҳи (FLIGHT AWARE ),ширкатҳои ҳавопаймои дар сатҳи ҷаҳон дар рӯзи ҷумъа ,ки асри Крисмас маҳсуб мешавад ва маъмулан мусофирои зиёди дар ин рӯз аз хутутҳои  ҳавопаймои истифода мекунанд, ҳадди аққал 2 ҳазору 314 парвозро лағв карданд.

Ин пойгоҳ ҳамчунин нишон дод,ки ширкатҳои ҳавопаймои барои рӯзи сешанбе,ки рӯзи Крисмас аст низ як ҳазору 404 парвозро лағв кардаанд.

Барои рӯзи якшанбе низ 340 парвоз дар саросари ҷаҳон лағв шудааст.

Дар ин миён як чаҳоруми парвозҳои лағв шуда дар ҷаҳон аз мабдаъ ё ба мақсади Амрико будааст.

Шивваи навъи Омикрони вируси корона дар Амрико ва камбуди шадиди хадамаи ҳавопаймо сабаб шудааст,ки ширкатҳои ҳавопаймои дар ин кишвар, беш аз 700 парвози худро дар айёми Крисмас лағв кунанд.

Мавориди мубтало ба корона дар Амрико дар рӯзҳои охир ба далели густариши навъи бисёр зараровари Омикрон афзоиш ёфтааст.

Бо тавваҷуҳ ба додаҳои Райтерз ,бисёре аз саноъе ва шабакаҳои ҳамлу нақли Бритониё бо камбуди неъру дучор шудаанд зеро кормандони мубтало ба корона маҷбуранд ба карантина бираванд ва маҳали корро тарк кунанд.

Эъломи хатари мубталои рӯзона яксад ҳазор нафар Фаронсавӣ ба навъи Омикрон дар рӯзҳои оянда, мавҷи  ваҳшат ва нигарониро дар маҳофили гуногун ва афкори умуми ин кишвар ба роҳ андохтааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт навъи Омикронро панҷумин навъи нигарон кунандаи вируси корона эълом кард.

Ин навъи ҷадид,ки барои нахустинбор дар Африқои Ҷанубӣ шиносои шуда боиси нигаронии бисёре аз кишварҳо гардида ва бар асоси гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт то кунун дар беш аз 89 кишаври ҷаҳон шиносои шудааст.

Бештар бихонед: