20 захмӣ ва масмум бар асари сӯхтор дар Туркия
Декабр 28, 2021 13:03 Asia/Dushanbe
Сӯхтори ваҳшатнок дар як корхонаи мебел дар ғарби Туркия, дастикам 20 захмӣ ва масмум барҷой гузошт.
Ин сӯхтор наздикии соати 22 якшанбешаб дар шаҳраки санъатии минтақаи Коиношли, дар наздикии Истанбул оғоз ва дар муддати 3 соат ин корхона табдил ба хокистар шуд.
Тибқи ин гузориш, дар ин ҳодиса дастикам 2 коргар захмӣ ва 18 коргари дигар низ ба далели масмумияти газӣ ба бемористон мунтақил шуданд.
Таҳқиқот дар бораи иллати бурузи ин сӯхтор дар ҷараён аст.
Барчасп