Улянов: Ҳамаи тарафҳо раванди музокироти Венаро мусбат арзёбӣ мекунанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i79008-Улянов_Ҳамаи_тарафҳо_раванди_музокироти_Венаро_мусбат_арзёбӣ_мекунанд
Намояндаи доими Русия дар назди созмонҳои байналмилалӣ, мустақар дар Вена гуфт, тамоми тарафҳои мушорикаткунанда дар ин ҷаласа раванди гуфтугӯҳои ҷорӣ дар Венаро мусбат арзёбӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 30, 2021 11:12 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Ҳамаи тарафҳо раванди музокироти Венаро мусбат арзёбӣ мекунанд

Намояндаи доими Русия дар назди созмонҳои байналмилалӣ, мустақар дар Вена гуфт, тамоми тарафҳои мушорикаткунанда дар ин ҷаласа раванди гуфтугӯҳои ҷорӣ дар Венаро мусбат арзёбӣ карданд.

Улянов дар Твиттер навишт: Ҳамаи ширкаткунандагон дар ҷаласаи имшаб бо ризояти равандҳои мусбат ва фазои амалӣ музокиротро мавриди ишора қарор доданд.

Улянов ҳамчунин аз гуфтугӯ бо Роберт Моли, намояндаи вижаи давлати Амрико дар умури Эрон дар ҷараёни музокироти Вена хабар дод.

Ҳайати амрикоӣ ба раёсати Роберт Моли ба Вена сафар кардааст то ба сурати ғайримустақим дар раванди гуфтугӯҳои Вена ширкат кунад.

Ҳаштумин давр аз гуфтугӯҳои Вена бо меҳварияти рафъи таҳримҳои золимона ва ғайриқонунии зидди Эрон душанбе бо баргузории нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом ба раёсати Алии Боқирӣ, музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии исломии Эрон ва Энрике Мора, муовини дабири кулли Хадамоти иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо оғоз шуд.

Дар ин нишаст, ки бо ширкати ҳайатҳои Эрон, гурӯҳи 1 + 4 ва Иттиҳоди Аврупо дар меҳмонхонаи Кобург баргузор шуд, раванди музокирот мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст тамоми ҳайатҳо ба пешрафти ҳосилшуда дар даври пешини гуфтугӯҳо ишора карда ва барои идомаи ройзаниҳои фишурда эъломи омодагӣ намуданд.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин ишора шуд, ки ағлаби пешниҳодоти Эрон дар матни ҷадид гунҷонда шудааст.

Дар даври ҳафтуми музокирот ҳайати музокиракунандаи Эрон тайи ибтикори амалии ҷиддӣ, мутуни пешниҳодии худро дар қолаби ду мавзуи лағви таҳримҳои золимона ва масоили ҳастаӣ ба тарафи муқобил ироа кард.