Январ 01, 2022 13:00 Asia/Dushanbe
  • Ба ҳалокат расидани беш аз 2 ҳазор террорист дар Туркия

Вазири дифои Туркия мегӯяд, нерӯҳои амниятии Туркия аз ибтидои соли 2021, 2779 террористро аз пой даровардаанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Yeni Konya”, Хулуси Окор, рӯзи ҷумъа бо эъломи ин матлаб гуфт, нерӯҳои Туркия аз 24 июли 2015 то алон, 33259 террористро аз пой даровардаанд.

Вазири дифои Туркия бо афзудани инки нерӯҳои марзбонӣ аз ибтидои соли 2021, монеъи вуруди ғайриқонунии беш аз 308 ҳазор паноҳҷӯ ба ин кишвар шуданд, ёдовар шуд, ки ҳамчунин дар ин муддат беш аз 99 ҳазор муҳоҷири ғайриқонӯнӣ низ дастгир шудаанд.

Муборизаи давлати Туркия бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар шароите аст, ки пештар ва бо ба қудрат расидани ин гурӯҳаки террористӣ дар Ироқу Сурия, ҷомеъаи байналмилал Анкараро ба истифодаи абзорӣ аз ДИИШ барои бесубот кардани Сурия муттаҳам кард, аммо дар солҳои ахир давлати Туркия ба хотири эҳсоси хатар аз вуруди ин афроди террорист ба хоки ин кишвар, иқдомотеро оғоз кард.

 

Барчасп