Январ 11, 2022 12:45 Asia/Dushanbe
  • Як шаҳрванди амрикоӣ ба таҳдиди қатли Трамп муттаҳам шуд

Бар асоси санади додгоҳи Амрико, як шаҳрванд аз Ню-Йорк, ки гуфта мешавад, Доналд Трамп раисиҷумҳури пешини Амрикоро ба қатл таҳдид карда буд, муттаҳам шинохта шуд.

Ба гузориши нашрияи “Ҳилл”, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, Thomas Volnicki ба таҳдиди огоҳона ба қатл, одамрабоӣ ва ворид кардани садамаи баданӣ ба раисиҷумҳури пешин муттаҳам шуд.

Ба гуфтаи мақомҳои додгоҳи Амрико, Volnicki дар соли гузашта дар тамоси телефонӣ бо полиси Конгресс ва дигари мақомҳои Иёлоти муттаҳида Трампро ба қатл таҳдид карда буд.

Вай иддао карда буд, ки агар Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 шикаст бихӯрад ва ҳозир набошад қудратро таҳвил диҳад, шахсан бо силоҳи гарм, вайро аз қудрат поин хоҳад кашид.

Ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, Volnicki ҳамчунин барои куштани Трамп ва дигар афроди давлати вай, 350 ҳазор доллар ҷоиза дар назар гирифтааст.

Пеш аз ин низ фарде аз иёлати Аризона ба иттиҳоми таҳдид ба қатли Nancy Pelosi муттаҳам шинохта шуд ва ба зиндон афтод.

Ҳазорон нафар аз тарафдорони Трамп шашуми январи 2021 ба манзури ҷилавгирӣ аз таъйди натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз сӯи Конгресс, бо хушунат ба Маҷлиси намояндагони Амрико ҳамла карданд.

Ҳамлаи тарафдорони Трамп ба Конгресс дар пайи интишори паёмҳо ва видеоҳои таҳрикомези Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар шабакаҳои маҷозӣ, дасткам 6 кушта ва шуморе маҷрӯҳ барҷо гузошт.

 

Барчасп