Кашфи вируси эҳтимолии омили ибтило ба “MS”
Бар асоси натоиҷи мутолиоти ҷадид, вируси «Epstein-Barr» омили эҳтимолии ибтило ба склерози чандгона (M.S) аст.
Шабакаи «BFM TV» Фаронса рӯзи шанбе эълом кард, натоиҷи мутолиоти ҷадиди пажӯҳишгарони Донишгоҳи Стэнфорди Амрико, ки ин ҳафта дар нашрияи «Science» мунташир шуд, метавонад умедҳо барои ёфтани дармоне барои бемории худэминии нисбатан ношинохтаи «M.S», ки ҳудӯди ду миллиону 800 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ба он мубтало ҳастанд, афзоиш диҳад.
Склерози чандгона навъе бемории худэминӣ дар системаи асабии марказӣ (мағз ва нухоъ) аст, ки боиси ихтилол дар системаи эминии бадан мешавад ва ба милин, ғилофи муҳофизи торҳои асабӣ осеб мерасонад.
Бар асоси ин гузориш, ширкати дорусозии «Moderna» ҳафтаи гузашта аз оғози озмоишҳои болинии воксани вируси «Epstein-Barr» рӯи инсон хабар дод.