Расидагии додгоҳҳои Русия ба тахаллуфоти корфармоён дар бораи коргарони муҳоҷир
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7993-Расидагии_додгоҳҳои_Русия_ба_тахаллуфоти_корфармоён_дар_бораи_коргарони_муҳоҷир
Коргарони муҳоҷир дар Русия метавонанд, тахаллуфоти корфармоёни русии худро дар додгоҳҳо пайгирӣ кунанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 16, 2016 11:07 Asia/Dushanbe
  • Расидагии додгоҳҳои Русия ба тахаллуфоти корфармоён дар бораи коргарони муҳоҷир

Коргарони муҳоҷир дар Русия метавонанд, тахаллуфоти корфармоёни русии худро дар додгоҳҳо пайгирӣ кунанд.

Ба иттилои сайти Ка-Ниюз, Варвара Тритик, ҳамоҳангкунандаи барномаи кумак ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия гуфт: Он даста аз коргарони муҳоҷир, ки бо ширкатҳои русӣ созишномаи ҳамкорӣ доранд, дар сурати тахаллуфи корфармоён, метавонанд аз тариқи додгоҳҳо маоши зоеъшудаи худро пайгирӣ ва дарёфт кунанд.

Ба тозагӣ низ 9 коргари муҳоҷири тоҷик ва узбак, ки аз авохири соли 2015 дастмузди худро дарёфт накарда буданд, тавонистанд бо ҳамкории як созмони мудофеи ҳуқуқи башар, ҳукми додгоҳи Маскавро барои пардохти беш аз як миллион рубл маоши муаввақи худ ба даст оваранд.

Ҳамчунин бар асоси ҳукми додгоҳи Маскав ширкати тарафи қарордоди ин коргарон мулзам шуд, аз онон ба далели таъхир дар пардохти маош узрхоҳии расмӣ кунад.

Ин коргарон аз соли 2015 бар асоси созшномае бо як ширкати сохтмонсозии шаҳри Маскав ҳамкорӣ мекарданд. Хадамоти муҳоҷирати Русия теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар қаламрави ин ҷумҳуриро дар шаш моҳи нахусти имсол наздик ба як миллион нафар, узбакистониҳоро як миллиону 756 ҳазор нафар ва Қирғизистониҳоро беш аз 500 ҳазор нафар эълом кардааст.