Як зани мусулмон дар Амрико қозии додгоҳ таъйин шуд
Январ 21, 2022 22:28 Asia/Dushanbe
Раиси ҷумҳурии Амрико як зани мусулмонро ба унвони қозии додгоҳи федералӣ интихоб кард.
Ҷо Байден, Нусрат Ҷоҳон Чадрии 45 солаи бангладешиаслро ба унвони аввалин зани мусулмон дар пости қазовати додгоҳи федералӣ интихоб кард.
Волидайни Нусрат Ҷоҳон пеш аз таваллуди ӯ ба Амрико муҳоҷират карда буданд.
Нусрат Ҷоҳон дуюмин қозии федералии мусулмон аст.
Пеш аз ӯ, дар июни гузашта Байден Зоҳид Қурайширо ба унвони қозии додгоҳи минтақаии Амрико пешниҳод карда буд, ки мавриди таъйиди маҷлиси Сенат қарор гирифт.