Интиқоди Сандерс аз Ҳизби демократи Амрико
Сенатори мустақили иёлати Вермонти Амрико гуфт, Ҳизби демократ бояд дар муқобили гуруҳҳои дорои манофеи хос биистад.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Си Эн Эн, сенатор Берни Сандерс бо интиқод аз Ҳизби демократ, хостори муқобила бо гуруҳҳои дорои манофеи хос дар Амрико шуд.
Ин сенатори иёлати Вермонти Амрико дар бораи изҳороти ахири Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико алайҳи худаш ва сотсиалист хонда шудан аз тарафи Байден гуфт: «Ман аз Ҷо Байден хушам меояд, аммо ман Ҷо Байден нестам. Ман муътақидам, Ҳизби демократ бояд ба сароҳат эълом кунад, омодааст дар муқобили гуруҳҳои хоси дорои манофеъ, аз қабили ширкатҳои дорӯсозӣ ва ширкатҳои бима биистад».
Сандерс пештар гуфта буд, бояд шаҳомат дошта бошем, ки бо ҳирсу тамаъи мудирони миллиардер ва лоббигарони онҳо муқобила кунем. Миллионҳо нафар аз ин фосилаи табақотӣ осеб мебинанд ва дар ҳамин ҳол сарватмандон нисбат ба гузашта вазъияти беҳтаре доранд.
Вазъияти фоҷеабори даҳҳо миллион амрикоӣ аз лиҳози фақр, бехонумонӣ ва гуруснагӣ ва низ нотавонӣ дар таъмини ҳазинаҳои дармонӣ нишонаи нобасомониҳои бунёдин дар кишваре аст, ки муддаӣ аст, пешрафтатарин кишвари сармоядорӣ дар ҷаҳон аст.