Январ 26, 2022 18:43 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти Шӯрои амният дар бораи Афғонистон

Нишасти Шӯрои амният дар бораи Афғонистон баргузор мешавад.

Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид қарор аст ҷаласае дар мавриди вазъияти Афғонистон баргузор кунад.

Дафтари ҳайати муовинати Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон (Юномо) гуфа аст, ки Антониу Гутерриш, дабири кулли ин созмон ва Дибора Лайонс, намояндаи вижаи ӯ дар Афғонистон дар бораи ин кишвар гузориш хоҳанд дод.

Нишасти Шӯрои амниятӣ Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди вазъияти Афғонистон як рӯз пас аз поёни нишасти серӯзаи Осло багузор мешавад.

Нишасти Осло бо ҳузури намояндагони Толибон, ҷомеъаи шаҳрвандии Афғонистон ва сарони кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Амрико, Битания, Нарвегия, Олмон, Италия, Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд.

 

Барчасп