Фаромадани тарма дар Туркия
(last modified Fri, 28 Jan 2022 17:18:12 GMT )
Январ 28, 2022 22:18 Asia/Dushanbe
  • Фаромадани тарма дар Туркия

Фаромадани тарма дар шарқи Туркия ду кушта бар ҷой гузошт.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ин ҳодисаи табиӣ дар минтақаи Коди Ҷалоли шаҳристони Хуросон, аз тавобеи вилоят ё устони Эрзурум рух дод.

Ҷасади ин афрод пас аз чаҳор соат талоши неруҳои имдодӣ аз зери барф берун оварда шуд.

Бориши сангини барфу тӯфон зиндагӣ дар 63 вилояти Туркияро бо мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Ҳамакнун роҳи иртиботии беш аз чаҳор ҳазору 200 масири рустоӣ низ баста аст ва талоши неруҳои роҳдорӣ барои боз кардани ҷодаҳои ин кишвар идома дорад.

Шаби гузашта сардии ҳаво дар се устони Эрзурум, Ардаҳон, ва Муш зери 33 то 35 дараҷа сабт шуд ва Созмони ҳавошиносии Туркия дар бораи идомаи яхбандон, боришу тӯфони барф дар 39 устони ин кишвар то ҳаддиақал даҳ рӯзи оянда ҳушдор додааст.