Тавақуфи эътои бурси таҳсилии Фолбрайти Амрико барои шаҳрвандони Афғонистон
Амрико эътои бурси таҳсилии Фолбрайт барои шаҳрвандони Афғонистонро мутаваққиф кард.
Як мақоми Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ин кишвар дигар ба барномаи табодули донишҷуён бо Афғонистон идома намедиҳад ва эътои бурсияи Фолбрайт барои барои шаҳрвандони Афғонистонро мутаваққиф шуда аст.
Эй Би Си ниюз, гузориш дод ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки соли гузашта 140 нафар номзади нимаи ниҳоӣ барои аътои ин бурси таҳсилӣ интихоб шуда буданд, аммо пас аз хуруҷи Амрико хабари таваққуфи ин барнома пас аз моҳҳо таъхир ба хоҳишмандон эълом шуд.
Бурсияи Фолбрайт барномаи таҳсилии ройгон Амрико аст, ки ҳар сол ё дусол як бор ба донишҷуён дар саросари ҷаҳон эъто мешавад.
Дар соли 1946 баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ Сенатори амрикоӣ ба номи Вилим Фолбрайт, тарҳи бурсияҳои Фолбрайтро муъаррифӣ кард, ки тавассути Кангресси Амрико ин тарҳ пазируфта шуд.
Бурсияи Фолбрайт дар дараҷаи коршиносии аршад ва докторӣ эъто мешавад.