Феврал 05, 2022 14:26 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти бархе муофияти таҳримҳои ҳастаии Амрико алайҳи Эрон

Амрико дар миёнаи музокироти Вена, муофияти Эрон аз бархе таҳримҳои ҳастаиро бозгардондааст.

Ба гузориши хабаргузории Associated Press,, бозгардондани муофияти ин таҳримҳо аз сӯи давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико барои тасҳили гуфтугӯҳо тарроҳӣ шудааст.

Энтони Блинкин, вазири умури хориҷа рӯзи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ чандин муофият аз таҳримҳоро дар робита бо фаъолиятҳои ҳастаии ғайринизомии Эрон имзо кард. Ин иқдоми давлати Байден, тасмими Доналд Трамп, раисиҷумҳури собиқи Амрико барои лағви онҳоро тағйир дод.

Музокироти Вена бо ҳадафи рафъи таҳримҳои Амрико ва бозгашти ин кишвар ба БарҶом вориди марҳалаи ҳассосе шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар иттилоияе ба Конгресс эълом кард, муофият аз ин фаъолиятҳо ба такмили тавофуқ барои бозгашти мутақобил ба иҷрои комили БарҶом кумак мекунад ва заминаро барои бозгашти Эронро низ ба иҷрои тааҳҳудоташ дар БарҶом фароҳам месозад.

Ин вазоратхона муддаӣ шудааст, ки муофияти таҳримӣ дар ростои хизмат ба манофеи Иёлоти муттаҳида дар манъи густариш ва эминӣ ва маҳдуд кардани фаъолиятҳои ҳастаии Эрон тарроҳӣ шудааст.

Вазорати хориҷаи Амрико афзудааст, ки ин иқдом ба салоҳдиди сиёсӣ бо дар назар гирифтани аҳдофи мазбур содир шуда ва на бар асоси тааҳҳуд ё ба унвони бахше аз як тавофуқи қаблӣ.

Муофиятҳои таҳримӣ ба кишварҳо ва ширкатҳои хориҷӣ иҷоза медиҳад то дар пружаҳои ғайринизомии нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳри Эрон, нерӯгоҳи оби сангини Арок ва реактори таҳқиқотии Теҳрон кор кунанд. Майк Помпео, вазири умури хориҷаи собиқи Амрико дар моҳи майи 2020 ин муофиятҳоро лағв карда буд.

Яке аз мақомоти аршади вазорати умури хориҷа огоҳ аз муофиятҳои таҳримӣ иддао кард, ки ин иқдом «дар ростои манофеи миллии ҳаётии мо ва ҳамчунин ба нафъи минтақа ва ҷаҳон» иттихоз шудааст.

 

Барчасп