Феврал 14, 2022 15:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати бензин дар Амрико

Қимати миёнаи як зарф махсус (канистр) -и бензини маъмулӣ дар Амрико дар се ҳафтаи гузашта 15 сент афзоиш ёфт ва ба се доллару 55 сент расид.

Ҳар зарфи бензин дар Амрико ҳудуди 3.8 литр аст.

Ба гузориши "Асошейтед Пресс", як таҳлилгари иқтисодӣ гуфт, афзоиши шадиди нархи бензин дар пайи афзоиши нархи нафти хом сурат гирифтааст.

Болотарин қимати миёнгини бензини маъмулӣ дар минтақаи Бай (Bay) дар Сан-Франсиско ба баробари 4.75 доллар ба афзоиши ҳар зар (канистр) гузориш шудааст. Поёнтарин мутавассити нарх низ дар Хюстон ва баробари 3.05 доллар дар ҳар галлон (канистр) будааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати кори Амрико дар гузорише эълом кард, шохиси нархи масрафкунанда дар Амрико дар моҳи январ афзоиш ёфта ва ба болотарин рақами афзоиши таварум дар 40 соли гузашта мунҷар шудааст.

Иқтисоди Амрико бо таваруми боло дар даврони ҳамагирии корона мувоҷеҳ аст ва қудрати харидро дар хонаводаҳои амрикоӣ коҳиш дода ва боиси кам шудани маҳбубияти Ҷо Байден раиси ҷумҳурии Амрико шудааст.