Борони селосо ва рониши замин дар Бразил бо 18 кушта
Дар пайи боришҳои селосо, ки рониши замин ва ҷорӣ шудани сел дар шаҳри туристии Петрополис дар наздикии Рио де Жанейро шуд, ҳадиақал 18 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Ба гузориши Еврониюз, бино бар эълони ожонси ҳавошиносии Бразил рӯзи сешанбе дар камтар аз 6 соат дар бархе аз нуқтаҳои шаҳри Петрополис то 260 милилитр борон борид, ки аз мизони борандагие, ки барои кулли моҳи феврал интизор мерафт бештар буда аст.
Шаҳрдори Петрополис барои муқобила бо вазъи фавқулодда дар шаҳр вазъияти фоҷеъа эълом кард.
Тими имдоду наҷоти оташфишонӣ, ки бо беш аз 180 нерӯи имдоди дар маҳали ҳодиса воқеъ дар 68 километрии шимоли шаҳри Рио де Жанейро мустақар шуд, бо интишори баёнияе 18 маврид марги ноши аз рониши замин ва сел дар ин ҳодисаро тасдиқ карда аст.
Оташфишонон оморе аз маҷруҳон ё мафқудони эҳтимолии ин фоҷеъаи табиъӣ мунташир накарданд, аммо бо ин ҳол гуфтанд: Тимҳои тахассусии ҷустуҷу ва имдод барои тақвияти амалиёти наҷот бо пуштибонии қоиқҳо ва мошинҳои махсус ба минтақа эъзом шуданд.
Жаир Болсонару, раиси Ҷумҳурии Бразил, ки барои дидори расмӣ дар Маскав, пойтахти Русия ба сар мебарад дар Твитер навишт, ки дар ҷараёни фоҷеъа қарор дорад ва аз вазирони худ хост кумаки фаврӣ ба ҳодисадидагонро дар дастури кор қарор диҳанд.
Шаҳрдори Петрополис ҳушдор дод, ки бо вуҷуди поёни борандагиҳо бори дигар боришҳое барои чанд соати оянда пешбинӣ шуда аст.
Петрополис, истиқоматгоҳи дарбориёни императори собиқи Бразил, як мақсади гардишгарӣ аст, ки ба далели қарор доштан дар иртифоъоти зиёд ва бархурдорӣ аз обу ҳавои муътадил ва хунук, ҳамасола теъдоди зиёди аз боздидкунандагони алоқаманд ба таърих ва табиъат гардиро аз соҳилҳои Рио ба сӯи худ ҷазб мекунад.
Дар январи 2011 дар минтақаи куҳистони Рио ба далели боронҳои зиёд, ки боиси сел ва рониши замин дар минтақаи васеъ аз ҷумла Петрополис ва шаҳрҳои Нова Фрайбург, Итойпово ва Терзуполис дар ҳамсоягии он шуд, беш аз 900 нафар ҷони худро аз даст доданд.