Феврал 17, 2022 13:18 Asia/Dushanbe
  • Манобеи исроилӣ: Равобити Моссад ва Мит дар ду соли гузашта афзоиш ёфтааст
    Манобеи исроилӣ: Равобити Моссад ва Мит дар ду соли гузашта афзоиш ёфтааст

Буҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти молии Туркия, ҳамчунон сархати муштараки рӯзномаҳои ин кишварро ба худ ихтисос додаанд.

Воқеият он аст, ки мардуми Туркия бавижа ақшори осебпазир ин кишвар дар чанд соли гузашта, буҳрони иқтисодӣ камсобиқаеро таҷриба кардаанд.

Дар ҳамин замина, рӯзномаи "YeniÇağ" дар шумораи рӯзи чаҳоршанбе (16 феврал) навишт: " Давлати Эрдуғон дар идораи Туркия нотавонаст ".

Рӯзномаи “Sözcü” ҳам сархати дурусти худро ба ҳамин мавзуъ ихтисос дод ва навишт: "ҳама чиз дар кишвар гарон шуда ва вазъияти иқтисодӣ бад аст".

Дигар расонаҳои Туркия низ титрҳои мушобеҳӣ интихоб кардаанд.

Вокуниши расонаҳои Туркия нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои ғалаба бар мушкилоти пулӣува буҳрони иқтисодии Туркия нотавон аст. Ҳамин нотавонии давлати Эрдуғон барои костан аз мушкилоти иқтисодии мардум, аз маҳбубияти шахси раисиҷумҳури Туркия Ҳизби адолату тавсеа ба таври чашмгире коста аст.

Эрдуғон аз вазъияти мавҷӯд дар кишвар асабонӣ аст ва ҳар аз чанд гоҳ яке аз мақомҳои баландпояи давлати Анкара ё ниҳодҳои давлатиро барканор мекунад.

Раиси маркази омори Туркия, охирин қурбонии нокомиҳои Эрдуғон будааст. Дар ин шароит, чунин ба назар мерасад, ки мақомҳои давлати Эрдуғон дар идомаи сиёсатҳои моҷроҷӯёнаи худ дар қиболи робита бо кишварҳои минтақа, ҳамчунон ба сиёсатҳои дугона ва риёкорона бавижа дар заминаи ҳамкорӣ бо режими саҳюнистӣ идома медиҳанд. Дар воқеъ, мақомҳои давлати Туркия, ки ба далели иттихози сиёсатҳои нокоромад ва нодуруст, дар заминаи ҳалли мушкилоти ҷории иқтисодӣ, муваффақияте ба даст наёвардаанд, ба тасаввури ин ки бо азсаргирӣ ва одисозии равобит бо кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форсу режими нажодпарасти Исроил метавонанд бар мушкилоти ҷории пулӣ ва молӣува буҳрони иқтисодии дохилӣ ғалаба кунанд, даст ба иқдоми моҷароҷӯёнаи дигаре задаанд.

Дар ҳақиқат бояд гуфт, мақомҳои Анкара ба ҷои ислоҳи сиёсатҳои нодурусти дохилӣ ва хориҷӣ, бори дигар ба иттихози сиёсатҳои нодуруст рӯ овардаанд . Мақомҳои давлати Эрдуғон, ки замоне бо интиқод аз барқарории равобити Иморот бо Исроил, мақомҳои ин кишварро ба хиёнат ба ормони мардуми Фаластин муттаҳам мекарданд, акнӯн худ дар сафи барқарории робита бо режими нажодпарасти Исроил истодаанд.

Дар ҳамин замина, Ekrem Ekşi, яке аз устодони донишгоҳ ва яке аз коршиносони барҷаста дар умӯри сиёсии Туркия, зимни интиқоди усӯлӣ аз мавозеи риёкоронаи мақомҳои Анкара дар қиболи иқдоми мақомҳои Иморот, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо раидои туркии истонбулии бурунмарзии Эрон гуфта буд: "Вокуниши давлати Эрдуғон ба иқдоми Иморот, вокунишии қобили тақдир аст. Аммо ибтидо бояд пурсид, ки оё Туркия худ равобит бо режими саҳюнистиро қатъ хоҳад кард"?

Акнун бештар аз яксол пас аз ин пурсиши асосии ин коршинос барҷастаи турк, мушаххас шудааст, ки ҳаёҳӯи мақомҳои Анкара ба вижа шахси раисиҷумҳури Туркияи алайҳи Имороту дигар кишварҳои муртаҷеъи араби ҳошияи Халиҷи Форс, сирфан дар ҳадди расонаҳои ин кишвар ва минтақа буда ва аз ин ҳад ва андоза хориҷ нашудааст.

Дар ҳамин иртибот, расонаҳои Анкара дар шумораи рӯзи 16 феврал ба ин ҳақиқат изъон кардаанд, ки Туркия ва режими саҳюнистӣ дар чанд соли ахир аз равобити амниятии густардае дар сатҳи Созмони иттилоотии Туркия (Мит ) ва Созмони ҷосӯсии Исроил (Моссад) бархӯрдор будаанд. Дар воқеъ, шавоҳиди мавҷӯд нишон медиҳад, ки равобити Туркия ва Исроил ҳамвора одӣ ва раванди рӯ ба густариш доштааст.

Дар ин замина, бархе расонаҳои Туркия ба нақл аз манобеи исроилӣ эълом карданд: "Равобити Созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ  ва Созмони иттилоотии Туркия  дар ду соли гузашта афзоиш ёфтааст".

Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, равобити давлати Эрдуғон бо Исроил шомили равобити амниятӣ ва иқтисодӣ будааст. Ин иқдоми мақомҳои давлати Эрдуғон нишон медиҳад, ки давлатмардони турк дар заминаи интиқод аз кишварҳои арабӣ сирфан ба ҷанҷолофаринӣ пардохтаанд. Ба иборати дигар, мақомҳои Анкара ба ҷои қатъи воқеии робита бо Исроил ҳамчунон сиёсати дугона ва риёкорона дар қиболи режими нажодпарасти Исроил иттихоз кардаанд. Ин иқдом ба маънои талош барои фиреби афкори умумии Туркия ва дигар миллатҳои мусулмони ҷаҳон будааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп