Феврал 19, 2022 10:25 Asia/Dushanbe
  • Кӯдакон қурбониёнии масдӯд шудани дороиҳои Афғонистон дар Амрико

Ниҳоди муҳофизат аз кӯдакон дар мавриди афзоиши кӯдакони гурусна дар Афғонистон ба далели масдӯд шудани дороиҳои ин кишвар дар Амрико ҳушдор дод.

Амрико пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар 15 августи 2021 , наздик ба 10 миллиарддоллар аз дороиҳои бонки марказии ин кишварро масдӯд карду каме баъд Ҷо Байден тасмим гирифт 3.5 миллиарддоллар аз пули мусодира шудаи афғонҳоро ба нафъи қурбониёни ҳаводиси ёздаҳуми сентябр, мусодира кунад. Раисиҷумҳури Амрико дар ҳоле чунин тасмиме гирифт, ки тақрибан тамомии созмонҳои башардӯст ва байналмилалӣ дар мавриди табаоти банд шудани дороиҳои бонки марказии Афғонистон, аз ҷумла гуруснагӣ, фақру камбуди имконоти пизишкӣ дар ин кишвар дар буҳбуҳаи ҳамагирии корона, ҳушдор додаанд.

Дар чунин шароите Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал чанде пеш бо ишора ба вазъияти асафбори мардуми Афғонистон, тазриқи пул ба ин кишварро амре зарурӣ тавсиф карда буд.

Хабаргузории Садои Афғон (Ово) дирӯз (шанбе) гузориш дод, Charlotte Rooz, масъули расонаии ниҳоди муҳофизат аз кӯдакон бо ишора ба ташдиди гуруснагии кӯдакон дар Афғонистон гуфт, масдӯд шудани дороиҳои Афғонистон аз сӯи Амрико бар чолишҳои иқтисодии ин кишвар афзӯдааст.

Вай бо ишора ба ин ки ҳудӯди 5 миллион кӯдаки афғон дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд, хотирнишон кард, шумори кӯдакони мубтало ба камғизоӣ дар Афғонистон ду баробар шудааст.

Мудири расонаии ниҳоди муҳофизат аз кӯдакон афзуд: " Афғонистон бо бадтарин буҳрони гуруснагӣ рӯбарӯ аст ва кӯдакони афғон зудтар аз соиирин, таҳти таъсири ин вазъият қарор гирифтаанд.

Бештар бихонед:

Барчасп