Фармони Путин барои оғози амалиёти низомии вижа дар Донбасс
(last modified Thu, 24 Feb 2022 07:13:48 GMT )
Феврал 24, 2022 12:13 Asia/Dushanbe
  • Фармони Путин барои оғози амалиёти низомии вижа дар Донбасс

Раиси Ҷумҳурии Русия, фармони оғози амалиёти низомии вижаи ин кишвар барои муҳофизат аз минтақаи Донбассро содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, минтақаи Донбасс бо сокинони рустабор дар шарқи Украина воқеъ шуда аст ва аз соли 2014 русҳои ин минтақа, ду ҷумҳурии Донесск ва Луганск таъсис карданд ва давлатиҳои маҳаллии мустақил аз давлати Украина ташкил доданд.

Мақомоти Ҷумҳурии Донетск рӯзи сешанбе эълом карда буданд, дар ҳамлаи артиши Украина се ғайринизомӣ кушта шуданд, ҳамчунин мақомоти Ҷумҳурии Луганск аз кушта шудани 2 ғайринизомӣ дар натиҷаи ҳамалоти артиши Украина хабар доданд.

  • Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия бомдоди панҷшанбе дар суханронии телевизионии худ эълом кард: Русия дар ҳоли анҷоми амалиёти низомии вижа дар Украина аст ва ҳадафи Маскав ғайринизомӣ кардани Украина аст ва қасде барои ишғоли замини ин кишварро надорад.
  • Путин гуфт: Украиниҳо силоҳ дар даст нагиранд ва масулияти рехта шудани ҳар хун дар Украина ба уҳдаи мақомоти ин кишвар аст.
  • Раиси Ҷумҳурии Русия бо баёни ин ки шароит дар шарқи Украина ба гунае аст, ки иқдомоти қотеъи Маскавро иқтизо мекунад, таъкид кард: Дар сурати мудохилаи кишварҳои хориҷӣ, Русия фавран вокуниш нишон хоҳад дод.
  • Путин бо ишора ба ин ки Русия наметавонад таҳдидоти Украинаро таҳаммул кунад, афзуд: Густариши бештари Созмони паймони атлантикаи шимолӣ (НАТО) ва истифодааш аз заминҳои Украина ғайри қобили қабул аст.