Ноябр 20, 2016 18:54 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳамбастагии шаҳрвандони амрикоӣ бо мусулмонон

Ба думболи изҳороти раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико зидди ақаллиятҳо, ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ҳамбстагии худро бо мусулмонон эълом карданд.

Дар ҳоле, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико қасди эҷоди бонки иттилоотӣ аз мусулмонони ин кишварро дорад, то рӯзи ҷумъа беш аз 13 ҳазор нафар аз шаҳрвандони амрикоӣ бо имзо дар вебгоҳи "Реҷистер Ю.С”. вижаи сабти номи мусулмонон, ҳамбстагии худро бо онҳо нишон додаанд.

 Бар асоси ин гузориш, дар яке аз паёмҳои ҳимояти шаҳрвандони амрикоӣ аз мусулмонон, ки дар Твиттер мушоҳида шуд, омадааст: “Агар Трамп ба сабти номи мусулмонон ниёз дорад, ман ба унвони як мусулмон номамро сабт мекунам”.

Ҳудуди 3.3 миллион мусулмон дар Амрико дар соли 2015 сабти ном кардаанд.

Ҷонатон Гринбалт, раиси Иттиҳодияи зиддиифтиро дар Амрико эълом кард, ба хотири тааҳҳуд ба арзишҳои асосии Амрико, ба унвони як мусулмон номнавис хоҳад кард.

Рӯзи ҷумъа раҳбарони масеҳӣ ва яҳудии Амрико бо ҳузур дар масҷиди Вашингтон, аз Доналд Трамп хостанд, ваъдаи худро мабнӣ бар ин ки раиси ҷумҳурии ҳамаи амрикоиҳо, аз ҷумла мусулмонон аст, амалӣ кунад.

 Доналд Трамп дар даврони рақобатҳои интихоботӣ хостори мамнуияти вуруди мусулмонон ба хоки ин кишвар шуда буд.

 

Барчасп