Шайтанати Би Би Си ва таҳрифи суханони Владимир Путин
Шабакаи Би Би Сии форсӣ дар як шайтанатофаринии расонаӣ иқдом ба таҳрифи суханони Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия кард ва бори дигар маҳорати вижаи ин расонаро дар инҳирофи афкори умумӣ ба исбот расонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи русии РИА Новости , Владимир Путин дар дидор бо кормандони зани ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар остонаи 8 март, рӯзи Модар ба пурсише дар бораи дастури вай барои омодабоши неруи боздорандаи ҳастаии кишвараш гуфт, ки дар паи суханони таҳрикомези вазири умури хориҷаи Англия ба вазири дифо ва раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Русия чунин фармоне содир кард .
Дар ин суханронӣ ҳеҷ ишорае ба Барҷом ё барномаи ҳастаии сулҳомези Ҷумҳурии исломии Эрон нашудааст .
Аммо шабакаи Би Би Си бо таҳрифи суханони Путин дар тарҷумаи ин ибрози назар дар сомонаи хеш навишт : "ва зериобиҳои мо, ки қобилияти ҳамли мӯшаки ҳастаиро ба Ғарб доранд ба Аврупо сафарбар мекунем . Эрон қабл аз шурӯи ҷанг ҳампаймони мо буд . Аммо бетарафии онҳо дар мавриди қатънома онҳоро аз паймон хориҷ кард . Онҳо дигар ҷойи иштибоҳ надоранд " .
Ин дар ҳоле аст, ки Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар дидор бо ҳамтои қирғизистонии хеш гуфт : Мо аз Амрико тазмини катбӣ хостаем, ки ҳамкории Русия бо Эрон дар заминаи ҳастаӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ,низомӣ ва фаннӣ шомили таҳримҳои Вашингтон алайҳи Русия нахоҳад шуд .
Асли тарҷумаи суханони Владимир Путин дар дидор бо кормандони зани ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар остонаи 8 март, рӯзи Модар, ки пурсише дар бораи дастури вай барои омодабоши неруи боздорандаи ҳастаии кишвараш матраҳ шуд, ба ин шарҳ мебошад :
Шумо итилоъ доред, ки кишварҳои ғарбӣ на танҳо аз нигоҳи иқтисодӣ моро таҳрим карданд, балки таҳаррукоти таҳдидомезро низ алайҳи Русия оғоз кардаанд. Тасмими омодабоши неруҳои мусаллаҳи боздорандаи Русия дар пайи даҳанлақии Лиз Трасс-вазири умури хориҷаи Британия гирифта шуд, ки вай гуфт: НАТО мумкин аст дар низои Украина бо Русия мушорикат намояд .
Алорағми ин изҳороти ғайримасъулонаи ғарбиҳо, ки намунаи ошкораш суханони вазири умӯри хориҷаи Британия мебошад, ман ба вазири дифоъ ва раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ дастур додам, ки неруҳои боздорандаи кишварро дар ҳолати омадабоши комил қарор диҳанд.