Ноябр 21, 2016 15:29 Asia/Dushanbe

Муассисаи байналмилалии сулҳ ва иқтисод эълом кард, шаҳрвандони Ироқ ва Афғонистон дар садри феҳристи қурбониёни терроризм қарор доранд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Муассисаи байналмилалии сулҳ ва иқтисод дар тозатарин гузориши солонаи худ эълом кард, 18 ҳазор нафар дар Афғонистон бар асари ҳамалот ва таҳаррукоти террористии Толибон ва ДИИШ кушта шудаанд, ки ин омор дар муқоиса бо солҳои ахир бесобиқа аст ва ин кишварро пас аз Ироқ дар ҷойгоҳи дуввуми кишварҳои қурбонии терроризм қарор додааст.

Аз оғози соли 2016 ҷангҷуёни Толибон ва ДИИШ танҳо дар Афғонистон ҳазору 200 ҳамлаи террористӣ анҷом додаанд.

Чанде пеш низ Созмони милали муттаҳид имсолро хунинтарин сол барои мардуми Афғонистон эълом карда буд.

Бар асоси гузориши Муассисаи сулҳ ва иқтисод, ДИИШ, Алқоида, Букоҳаром ва Толибон масъули 75 дарсади иқдомоти террористӣ дар ҷаҳон ҳастанд.