Март 12, 2022 16:01 Asia/Dushanbe
  • Роскосмос: 12 миллиарддоллар ба Ғарб хисорат ворид кардем

Раиси Ожонси фазоии Русия эълом кард, дар посух ба таҳримҳои Ғарб алайҳи ин созмон муваффақ шудем, ҳудӯди 12 миллиарддоллар ба Ғарб хисорат ворид кунем.

Ширкати давлатии фазоии «Роскосмос»-и Русия ахиран дар вокуниш ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳамкорӣ бо ин иттиҳодияро барои партобҳои фазоӣ ба ҳолати таълиқ дар меоварад.

Дмитрий Рогозин, раиси Ожонси фазоии Русия ҳам дар посух ба таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо гуфт, «Роскосмос» ҳамкориаш бо шарикони аврупоиро дар созмондеҳии партобҳои фазоӣ аз пойгоҳи партоби «Куро» ба ҳолати таълиқ дар меоварад ва кормандони фаннии худ, аз ҷумла хадамаи партоби талфиқиро аз Фаронса хориҷ мекунад.

Вай дар нишаст бо намояндагони Ҳизби либерол демократи Маҷлиси Думаи Русия, гуфт, худдории мо аз ирсоли сафинаҳои фазоӣ ба Амрико, чаҳор миллиарддоллар хисорат барои ин кишвар ба дунбол дошт, зимни инки хисороти дигаре, ки ба Ғарб ворид кардем, ҳудӯди ҳашт миллиард доллар аст.

Рогозин афзуд, дар сӯрати тадовуми рафтори Ғарб, аҳрумҳои дигаре дар ихтиёр дорем, ки дар оянда аз он истифода хоҳем кард.

Кишварҳои узви НАТО ба раҳбарии Амрико дар вокуниш ба  иқдомҳои Русия дар Украина, таҳримҳоеро алайҳи Русия эълом ва эъмол кардаанд.

Лиз Террас, вазири хориҷаи Британия рӯзи ҷумъа эълом кард, таҳримҳоеро алайҳи 386 намояндаи Маҷлиси Думаи Русия, ки аз ҳамла ба Украина ҳимоят карданд, эъмол мекунад.

Ин мақоми давлати Британия дар баёнияе тасреҳ кард, барои ин намояндагон, ки ба истиқлоли манотиқи ҷудоталаби ҳомии рус дар шарқи Украина раъй дода буданд, таҳримҳои мамнуияти сафар ва тавқифи дороиҳои онҳо дар Британия эъмол мешавад.

 

Барчасп