Март 15, 2022 11:55 Asia/Dushanbe
  • Русия ва Чин ба унвон ду қудрати рақиби байналмиллалии Иёлоти Муттаҳида
    Русия ва Чин ба унвон ду қудрати рақиби байналмиллалии Иёлоти Муттаҳида

Ҷек Соливон мушовири амнияти миллии раисиҷумҳурии Амрико рӯзи якшанбе ба Чин дар бораи ҳаргуна талош барои ҳимоят аз иқтисоди Русия ҳушдор дод. Соливон зимни ин иддао ,ки Чин аз ҳамлаи Русия ба Украина аз қабл хабар дошта гуфт: Мо аз наздик мизони воқеъияти ҳимояти молӣ ва иқтисодии Чин аз Русияро дунбол мекунем ва ба Пекин иттилоъ додаем, ки ба ҳеҷ кишваре иҷоза нахоҳем дод, то барои ҷуброни хисороти иқтисодии Русия талош кунанд.

Вай бидуни ин ки  мушахас кунад, ки оё  Иёлоти Муттаҳида омодаи эъмоли таҳримҳо алайҳи Пекин аст ё хайр, изҳор дошт Ҷек Солевон рӯзи душанбе барои гуфтугӯҳои сатҳи боло бо Янг Ҷечи мақоми аршади сиёсати хориҷаи давлати Чин ба шаҳри Рум сафар хоҳад кард ва дар заминаи бӯҳрони Украина бо ин мақоми аршади Пекин гуфтугӯ мекунад.

Русия ва Чин ба унвон ду қудрати рақиби байналмиллалии Иёлоти Муттаҳида дар солҳои ахири равобити густардае барқарор карда ва дар ростои муқобила бо фишорҳои ва таҳдидоти Амрико ки ҳамвора дар асноди болодасти худ аз ин ду кишвар ба унвони муҳимтарин таҳдидот алайҳи Иёлоти Муттаҳида ёд карда, ба ҳамкориҳои стратежики бо якдигар пардохтаанд.

Пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина аз 24 феврал, ғарбиҳо корзори доманадореро алайҳи Русия  ба роҳ андохтаанд, ки абъоди мухталифи сиёсӣ ва дипломати, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, расонаӣ ва варзишӣ низ амниятӣ ва низомӣ дорад. Бо ин ҳол Чин дар ростои руйкарди калони худ нафақат ба ин корзор напайваст, балки аз маҳкум кардани Русия низ худдорӣ кардааст. Намоди ин амр райи мубтании Чин дар Шӯрои амнияти Созмони Миллал  ба қатъномаи пешниҳодии ғарбҳо, ки дар он ба маҳкум кардани ҳамлаи Русия ба Украина пардохта буданд ва низ эъломи мавзӯъи Пекин дар қиболи ҷанги Русия ва Украина аст.

Ван И, вазири умури хориҷаи Чин ба чанд масъала дар ин хусӯс ишора кардааст. Нахуст ин ки Чин қотеъона бар эҳтиром ва ҳифозат аз тамомияти арзӣ тамоли кишварҳо таъкид мекунад ва бо ҷидият ба усули маншури Созмони Миллали муттаҳид аст. Масъалаи дуввум ин ки нигарониҳои амниятии минтақаии тамоми кишварҳо бояд мавриди эҳтиром қарор гирад. Лизо бо таваҷҷӯҳ ба даври панҷуми густариши НАТО ба  сӯйи Шарқ  яъне талош барои узвияти Украина дар НАТО  , тақозои машрути Русия дар бораи амният бояд ҷидди гирифта шавад ва ба шеваи дурӯст ҳалу фасл шавад. Пекин дар заминаи ҷанги Украина хоҳони хештандории ду тарафа ва низ ҳимоят аз талошҳои  дипламати барои расидан ба тавофуқи сулҳомез буда ва муътақид аст. ки Шӯрои аминятӣ Созмони Миллал бояд нақши созанда дар ҳалу фасли бӯҳрони Украина дошта бошанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба мавозеъи Пекин сатҳи робитаи густардаи Русия ва Чин, акнун Маскав барои коҳиши таъсироти мухариби таҳримҳои бесобиқаи Ғарб ба ҳамроҳии Чин умеди зиёде бастааст. Ба вижа ин ки ду кишвар дар солҳои ахир тавофуқот ва қарордодҳои бешуморе дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, енергетик, амниятӣ ва низомӣ сурат додаанд.

Ҳам чунин Пекин ва Маскав ба манзури коҳиши таъсири доллар дар мубодилоти тиҷории дуҷониба ба сурати мустамар ба истифода аз пулҳои миллии худ дар ин мубодилот пардохтанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Чин дуввумин иқдисодӣ бузурги ҷаҳон аст лизо метавон кумакҳои муассир ба Русия барои муқобила бо таҳримҳо ва муҷозотҳои иқтисодӣ ва тиҷории  Ғарб намояд. Вашингтон ҳам чунин нигарони кумакҳои низомиии Чин ба Русия аст.

Бо ин ҳол сафорати Чин дар Вашингтон ин идаоро башиддат рад кардааст.  Антон Силуанов вазири дороии Русия, бо ишора ба ин ки Маскав руӣ Чин барои муқобила бо таҳримҳои Ғарб ҳисоб мекунад гуфт: Широкати мо бо Чин имкон медиҳад то на танҳо ҳамкории кунуни бо ин кишварро ҳифз кунем, балки ин ҳамкориро дар фазое, ки бозорҳои ғарбӣ дар ҳоли баста шудан аст, афзоиш диҳем.

Ба наз мерасад дар увзои кунуни яке аз дағдағаҳои аслии Амрико, ҳамкориҳои густардаи Чин ва Русия ва дар натиҷаи бесамар мондани фишорҳои Ғарб алайҳи Маскав бошад. бо ин ҳол ба назар мерасад,ки Пекин дар авзоъи бӯҳронии кунуни Маскавро ба ҳоли худ раҳо созад. Дар воқеъ Чин ба ҳамроҳи ва мушорикати Русия барои муқобила бо фишорҳо ва иқдомонти хасмонаи ғарбиҳо ниёз дорад ва ду кишвар дар ҷабҳаи воҳиде дар муқобили Амрико ва шуракои ғарбиаш қарор дорад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп